Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

МАҶНУНБЕД ДАР ҲАҚИҚАТ
БЕДИ МАҶНУН АСТ?

Дар кӯчаву хиёбон ва соҳили дарёҳои кӯҳии мо дарахте месабзад, ки шоҳу навдаҳои хамидаи кокулмонанд дорад. Аз ин лиҳоз онро маҷнунбед номидаанд, чунки мисли Маҷнуни дилбохта дар фироқи ёраш ҳамеша сарҳаму «маҳзун» мебошад. Қатъи назар аз шоҳҳои овезон маҷнунбед дарахти хеле зебост ва хиёбону гулгаштҳоро ҳусн мебахшад. Сояи маҷнунбедҳои соҳили рӯдҳои мо ҳангоми тобистон фараҳбахш буда, барои роҳату дамгирӣ хеле мусоиданд.

ЧӢ ГУНА РУСТАНИҲОРО
ҚУТБНАМО МЕГӮЯНД?

Рустаниҳо қутбнамо ҳам мешаванд. Барги ин гуна рустаниҳо самти меридианӣ (яъне аз шимол ба ҷануб) дошта, нисфирӯзӣ теғаи худро ҷониби нурҳои офтоб мегардонанд. Сабаби ин мисли қутбнамо (компас) на муайян кардани самтҳо, балки дар биёбони тасфон камтар бухор намудани об аст. Онҳо бо ин роҳ худро аз хушкидан ҳифз мекунанд.

ОФТОБПАРАСТ ОФТОБРО ДӮСТ МЕДОРАД?

Офтобпараст дар кишвари мо рустании машҳур мебошад. Онро асосан барои кашидани равған ва баргу пояи сабзу тарашро чун зироати хӯроки чорво истифода мебаранд. Гули офтобпараст зард ва сари ҳосилбастааш мисли лаълӣ гирда аст. Дар дохили гул дон ҳосил мешавад. Офтобпараст замини нисбатан хушку офтобрӯяро дӯст медорад. Бинобар ин, гулҳои шукуфтаи он ҳамеша рӯй ҷониби офтоб менамоянд. Дар ин ҳангом пояи дарози он низ вобаста ба самти ҳаракати офтоб давр мезанад. Дони офтобпараст хуштаъм буда, онро чун ғизо ва маводи равғанкашӣ истифода мекунанд.

пешина
аз 395
навбатӣ