Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

МаърифатНаврасонКӯдакон
Аз аввал хондан

ИН АҶИБ АСТ

Бисёр рустаниҳо хор доранд. Хор ва мӯякҳои заҳрноку сӯзанда рустаниро аз ҳайвоноти алафхӯр ҳимоя мекунад. Яке аз чунин рустаниҳои маъмул хори каррок (каллахорак) аст, ки дар бисёр мавзеъҳои Тоҷикистон, бештар дар канори роҳҳо, назди иқоматгоҳҳо, заминҳои партов ва боғу киштзорҳо мерӯяд.
Баргҳои кактус низ ба хор табдил меёбанд.
Алафи газна мӯякҷаҳое дорад, ки баробари ба ягон ҷойи бадан расидан, боиси сӯзиши пӯст мешаванд.

ДАРАХТИ ДАРОЗУМРИ ДАР КУҶОСТ?
Дар чорбоғҳои миллии Секвойя ва Редвуди иёлоти Калифорнияи Амрико дарахтони аз ҳама баландтарин ва дарозумртарин дар ҷаҳон – секвояҳо мерӯянд. Онҳо то 4 ҳазор сол умр дошта, баландиашон ба 95–113 м мерасад.

ЧАРО ҶОИ БУРИДАИ СЕБ СИЁҲТОБ МЕГАРДАД?
Дар таркиби ҳуҷайраҳои себ моддаҳои гуногун, масалан, ферментҳо ва фенолҳо мавҷуданд. Вақте себро мебуранд, ҳамбастагии ҳуҷайраҳо халал меёбад. Дар натиҷа ферментҳою фенолҳо зери таъсири оксигени ҳаво оксид шуда, пайвастагии сиёҳтоб ба вуҷуд меоранд. Сиёҳтоб гаштани пораи себ аз ҳамин ҷост.

пешина
аз 395
навбатӣ