Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

Ба гулҳо низ мисли дигар рустаниҳо рушанӣ ва гармӣ зарур аст. Гулбаргҳои баъзе рустаниҳо ҳангоми паст будани ҳарорати ҳаво ва норасоии рушноӣ ғунча мешаванд. Гули рустаниҳои дигар, баръакс, рӯзона аз гармӣ ғунча гашта, шабона кушода мешавад. Гули шому саҳар, ки дар ҳамаи мавзеъҳои Тоҷикистон дучор меояд, аз ҳамин қабил аст. Онро гули намози шом низ меноманд, зеро фақат бегоҳирӯзӣ мешукуфад.

Гулҳо ҳаҷму андозаи гуногун доранд. Гули калонтарини дунё гули рафлезия буда, вазни он то 9 кг, қутраш то 1 м мешавад.

Гули наврӯзӣ мисли сиёҳгӯш аст, вале ранги зард дорад. Онро барои он гули наврӯзӣ меноманд, ки муждаи фарорасии баҳорро меорад. Вай охири зимистон, қабл аз оғози фасли баҳор, ки барф ҳанӯз дар домани кӯҳу теппаҳо пурра об нашудааст, мешукуфад. Гули наврӯзиро дар тамоми талу теппаҳои кишварамон метавон дучор омад. Дар Тоҷикистон гули наврӯзиро чун рамзи иди Наврӯз дӯст медоранд. Онро ҳамчун гули навбаҳор дар сабзамайдон ва гулгаштҳо низ парвариш менамоянд.

Гул дар соҳаҳои гуногуни саноат истифода мешавад. Аз гули баъзе рустаниҳо, масалан бунафша, ёсуман, садбарг, лаванда ва ғайра равғани эфир мегиранд, ки дар атриёт ва саноати хӯрокворӣ ба кор меравад. Равғани садбарг, ки аз гулбаргҳо ҳосил мекунанд, ҳанӯз ба суғдиҳо маълум буд. Гулоб, гулангубин, гулканд имрӯз дар бисёр кишварҳои Шарқ маъмул аст. Гули говдум (маргимоҳӣ), бобуна, киквош, ҳамешабаҳор ва ғайра дар тиб муҳимманд. Аз гулбаргҳои садбарг мураббо мепазанд, нӯшоба таҳия мекунанд. Заъфарон махсусан дар қаннодӣ хеле муҳим аст. Шаҳди гул манбаи асал аст.

пешина
аз 395
навбатӣ