Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
Суринҷон.
ГУЛУ ГУЛЗОР
Гул узви афзоиши ҷинсии рустаниҳои пӯшидатухм аст. Пӯшидатухмҳоро рустаниҳои гулдор низ меноманд. Аз гул мева, аз мева тухм ва аз тухм рустании нав пайдо мешавад. Гул аз қисмҳои гуногун иборат аст, масалан, косабарг, гултоҷ, гулпарда, гардбарг, тухмдон ва ғайра. Ҳамаи қисмҳои гул дар гулҷоя қарор доранд. Гулҳо аз ҷиҳати намуд, ранг, бӯй ва андозаи худ басо гуногун мешаванд. Дар олам зиёда аз 23 ҳазор намуди рустаниҳои гулдор мерӯянд. Дар Тоҷикистон ҳазорҳо намуди рустаниҳои гулдор мавҷуданд.
БӮЙИ ГУЛ АЗ ЧИСТ?
Шумо медонед, ки бӯйидани бисёр гулҳо табъро болида месозад. Бештари гулҳо хушбӯянд. Дар табиат гулҳое низ мавҷуданд, ки бӯйи тез ва начандон хуш доранд ё умуман бебӯянд. Бӯйи гул ба моддаҳои таркиби он: индол, триметиламин, эвганол, кумарин, ванилин, терпен, фарнезол, ситронеллол ва ғайра вобаста аст. Ин моддаҳо ба гул бӯйҳои гуногун ато мекунанд. Гули баъзе дарахтон, масалан, санҷид ва ақоқиё низ хушбӯй мебошад. Бӯйи гул ба воситаи шамол паҳн мегардад. Занбӯрҳои асал онро аз масофаи хеле дур ҳис карда, ба гулзор мешитобанд. Онҳо аз гул ба гул нишаста шаҳд меғундоранд ва бо ҳамин роҳ гули рустаниҳоро гардолуд месозанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё