Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ЧАРО ТИРАМОҲ БАРГҲО
ХАЗОН МЕШАВАНД?
Бо фарорасии тирамоҳ баргҳои дарахтон зард мешаванду аз шоҳҳо канда шуда ба замин мерезанд. Рехтани барги дарахтон дар тирамоҳ ҳолати табиӣ аст. Рехтани барг далели ба охир расидани давраи сабзишу нашви рустанӣ мебошад. Агар баргҳо хазон шуда нарезанд, пас онҳо обро аз появу шоҳу навдаҳо бухор мекунанд. Дар натиҷа дарахт, ки решаи он аз хоки яхбаста обро ҷабида наметавонад, беобӣ кашида ҳатто мехушкад. Ҳамчунин рехтани барг вазни барфро барои дарахт ё бутта кам карда, шоҳу навдаҳоро аз шикастан ҳифз менамояд. Дар табиат баргҳои хазонгашта пӯсида ба пору табдил меёбанд.
ЧӢ ГУНА ДАРАХТОНРО СӮЗАНБАРГ МЕГӮЯНД?
Дар дунё дарахтони ҳамешасабзе мавҷуданд, ки баргашон мисли сӯзан аст. Бинобар ин, онҳоро дарахтони сӯзанбарг меноманд. Қади ин гуна дарахтон хеле дароз мешавад (то 100 м); баъзе намудҳои бутташакли онҳо низ маълуманд. Онҳо 1000 сол умр мебинанд. Дарахтони сӯзанбарг рустаниҳои хуби ороишӣ буда, гулгашту хиёбонҳоро зинат медиҳанд.
ЧАРО АРЧА (БУРС) БӮИ ХУШ ДОРАД?
Арча рустании буттамонанд ё дарахтшакл буда, дар кӯҳҳои Тоҷикистон мерӯяд. Арчаҳои кишвари мо намудҳои гуногун доранд, масалан, маҳинбурс, паттаарча, сарварча, балхарча ё хорбурс ва ғайра. Барги арча сӯзаншакл, нештармонанд ё пулакчасон мебошад. Меваи арчаро чалғуза меноманд. Чалғуза мудаввар ё тухммонанд мешавад. Дар таркиби барги арча равғани эфир мавҷуд аст, ки онро дар атриёту собунпазӣ, саноати шаробкашӣ ва тиб кор мефармоянд. Барг, пӯстлох ва меваи хоми арча равған ва дигар моддаҳои кимиёвӣ дорад. Хусусан, чӯби хорбурс хушбӯй ва хушнамуд аст.
Мева ва сабзавот ҷузъи муҳими ғизои инсон мебошанд. Одамон аз замонҳои хеле қадим барои бо меваҳои хушсифат қонеъ гардондани талаботи худ навъҳои зиёду гуногуни дарахтони меваро ба вуҷуд овардаанд. Меваҳоро тар мехӯранд, мехушконанд, аз онҳо нӯшоба, мураббо, қиём, ҷем ва ғайра тайёр мекунанд. Ба сабзавот рустаниҳое мансубанд, ки қисми серобу сершираи онҳоро дар таом истеъмол мекунанд. Дар кишвари мо зиёда аз 25 намуди сабзавотро мепарваранд, аз қабили помидор, қаламфур, боимҷон, бодиринг, лӯбиё, карам, гандано, шибит, кашниз, ҷаъфарӣ, сабзӣ, лаблабу, шалғам, турб, сир, пиёз, гулкарам ва ғайра.
Мева барои афзоиши рустанӣ хеле муҳим аст. Он баъди гардолудшавии гул аз ғӯрак ташаккул меёбад. Ғӯрак қисми поёнии тухмдони рустаниҳост. Вай афзоиш ёфта, тадриҷан ба мева мубаддал мегардад. Мева тухмҳои пухта расидаи рустаниро муҳофизат карда, барои дар табиат паҳн гаштани онҳо мусоидат менамояд. Яке аз хусусиятҳои рустаниҳои гулдор бордоршавии дучандаи онҳост. Дар натиҷаи чунин тарзи бордоршавӣ тухм инкишоф меёбад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё