Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
БОЗ КАДОМ РУСТАНИҲОИ НАХДОР МАВҶУДАНД?
Ғайр аз пахта рустаниҳои дигари нахдор низ парвариш карда мешаванд, чунончи, зағир, ҷут, канаб ва ғайра. Зағир зироати хеле қадимӣ аст. Олимон матоъҳои аз зағири нахдароз бофташударо аз мумиёи фиръавнҳои Миср дарёфт кардаанд. Аз зағире, ки дар кишвари мо кишта мешавад, равған мекашанд. Дар замонҳои пеш тоҷикон равғани асосии хӯрокашонро аз зағир истеҳсол мекарданд.
РАВҒАНИ ПАХТА
ЧӢ АҲАМИЯТ ДОРАД?
Аз 1 кг пушбадона 170 г равған, 400 г кунчора, 300 г шелуха ва 30 г тибит гирифта мешавад. Равғани пахта хӯроквории пурбаҳо буда, ба миқдори зиёд глитсерин, витамини Е, провитамини А ва ҷавҳари линомат дорад. Моддаи госсипол, ки аз равғани пушбадона ҷудо мекунанд, дар саноати кимиё ва дорусозӣ истифода мегардад. Тоҷикон аз равғани пахта ғизоҳои хушлаззат мепазанд.
РАВҒАНИ РУСТАНИРО АЗ КУҶО МЕГИРАНД?
Олами рустаниҳо хеле ғанию рангин аст. Онҳо баробари ба табиат зебоӣ ато намудану ба дардҳо даво бахшидан, манбаи фаровони ғизо низ мебошанд. Масалан, хӯроки ҳаррӯзае, ки мо истеъмол мекунем, дар равған пухта мешавад. Равғанро аз дону меваи рустаниҳо мекашанд. Дар рустанӣ равған аз карбогидратҳо ба вуҷуд меояд. Равғани рустаниҳоро ҳам аз меваи дарахтон (норҷил, чормағз, какав, тунг) ва ҳам аз дони зироатҳои равғандеҳ (соя, офтобпараст, рапс, зағир, пахта, ҳардал, канадона ва ғ.) мегиранд. Дар байни зироатҳои равғандеҳ, ки дар Тоҷикистон мепарваранд, офтобпараст, зағир, кунҷид, маъсар бештар маъмуланд.
РУСТАНИҲОИ
ҲАМЕШАСАБЗ
Барги растаниҳои ҳамешасабз дар давоми сол ба таври ноаён рехта, ба ҷояш барги нав месабзад. Чунин растаниҳоро, ки ҳамеша тару тозаанд, растаниҳои ҳамешасабз меноманд. Дар Африқои Ҷанубӣ велвичия ном буттае мерӯяд, ки ҳамагӣ ду барг дорад. Ин баргҳо тақрибан 100 сол, яъне то хушкидани рустанӣ намерезанд ва ба ҷои онҳо барги нав низ намебарояд. Рустаниҳои ҳамешасабз аслан дар минтақаҳои тропикӣ ва субтропикӣ бисёранд. Дар Тоҷикистон аз растаниҳои ҳамешасабзи худрӯй танҳо 4 намуди арча (бурс) дучор меояд. Таннуб, сидра, сарв, санавбар, шамшод, булут ва амсоли инҳо низ аз ҳамин қабиланд.
САБАБИ САБЗ БУДАНИ БАРГ ДАР ЧИСТ?
Барг аз ҷумлаи узвҳои муҳими рустанӣ буда, аз муғҷаҳои дамидаи шоҳу навдаи дарахтон ва баъзан дар худи поя месабзад. Дар табиат баргҳо шаклу намуди хос доранд. Бо вуҷуди гуногунӣ ранги ҳамаи баргҳо сабз мебошад. Ранги сабзи барг ба мавҷудияти хлорофилл, яъне пигмент (ранг)-е, ки дар таркиби ҳуҷайра (хлоропластҳо) ҷойгир аст, вобастагӣ дорад. Дар ҳар ҳуҷайра даҳҳо, баъзан садҳо хлоропласт мавҷуданд. Ғайр аз хлорофилл дар хлоропластҳо ҳамчунин каротин ва ксантофил ном моддаҳои рангсоз ҷой доранд. Маҳз онҳо дар тирамоҳ ба барг ранги зард, сурх ва ҷигарӣ медиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё