Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ДАР ТОҶИКИСТОН КАДОМ
РУСТАНИҲОИ ШИФОБАХШ МЕРӮЯНД?

Дар дунё тақрибан 12 ҳазор намуд ва дар Тоҷикистон 220 намуди рустаниҳои доруӣ мерӯянд. Чунончи адрасмон, ҳазориспанд, бобуна, хуч, гандумак, гули хайрӣ, мушхор, тахач, тархун, чағҷағ, коснӣ, карвиё, тутакалӣ, банги девона, чилбанд, ширинбӯя, роҳдавак, чойқаҳақ, пудина, барги зулф, қоку, газна, зира ва ғайраҳо. Рустаниҳои шифобахшро фақат бо тавсияи духтур истифода бурдан лозим аст.

КАДОМ ҚИСМИ РУСТАНИҲО
ҲОСИЯТИ ТАБОБАТӢ ДОРАНД?

Бо мақсади табобат бештар баргу поя, гул, мева, пӯстлох, реша ва тухми рустанӣ истифода мешаванд. Рустаниҳои доруиро баъди ҷамъоварӣ дар ҷойҳои махсус хушконида, ба корхонаҳои дорусозӣ мефиристанд. Дар он ҷо рустаниҳоро дақиқ омӯхта, ҷӯшоб, спирт, қиём, шира, хока, ҳаб, курс (таблетка) тайёр мекунанд.

пешина
аз 395
навбатӣ