Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ЧАРО ХӮРОКВОРӢ МАҒОР МЕЗАНАД?
Мағор яке аз намудҳои занбӯруғҳои микроскопӣ мебошад. Спора (ҷанин)-ҳои занбӯруғ аз ҳаво ба рӯи хӯрокворӣ афтода, моддаҳои ғизоии онро истифода мекунад ва нашъунамо меёбад. Онро мо мағор ё пӯпанак меномем. Мағор маҳсулоти ғизоӣ, масалан орд, нон, консерв, меваю сабзавот ва ғайраро вайрон карда, ба одамон зарар мерасонад. Мағор манфиат низ дорад. Чунончи, аз баъзе намудҳои мағор дар саноати тиб дору истеҳсол мекунанд, ки пенициллин аз он ҷумла аст.
ОБСАБЗҲО ОБРО СОФ МЕКУНАНД?
Об манбаи ҳаёт аст. Барои бо усули биологӣ тоза кардани об аҳамияти обсабзҳо бузург аст. Обсабзҳо гурӯҳ-гурӯҳ нумуъ меёбанд ва моддаҳои баҳри рушду инкишофашон заруриро аз об бо тамоми танаашон ҷабида мегиранд. Дар обанборҳои Тоҷикистон зиёда аз 1000 намуди обсабзҳо мерӯянд, ки аз онҳо 640 намудашон омӯхта шудаанд. Олимони обсабзшиносро алгологҳо мегӯянд. Алгологҳои Тоҷикистон барои тоза кардани обҳои партови шаҳри Душанбе чандин намуди обсабзҳоро тавсия додаанд. Аз обсабзҳо моддаҳои кимиёвӣ низ ҳосил мекунанд.
Бисёр рустаниҳо дар тиб ва байторӣ истифода бурда мешаванд. Онҳоро рустаниҳои шифобахш (доруӣ) меноманд. Одамон 20 ҳазор сол муқаддам, вақте ки дар горҳо мезистанд, баъзе рустаниҳои шифобахшро аз гиёҳҳои заҳрнок фарқ мекарданд. Табибони тоҷик дар асрҳои миёна бузургтарин асарҳои тиббӣ дар хосиятҳои давоии гиёҳҳо навиштаанд, ки то ба имрӯз аз он китобҳо дар тамоми ҷаҳон истифода мебаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё