Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ЗАНБӮРУҒИ
ОБСАБЗҲО

ЧӢ БУДАНИ ЗАНБӮРУҒРО қариб ҳама медонанд. Вале рустани будани он шояд ба бисёриҳо маълум набошад. Оре, занбӯруғ рустанӣ аст, аниқтараш рустании дараҷаи паст, ки асосан дар ҷангалзор мерӯяд. Занбӯруғ бо пояаш аз замин рӯида, одатан, сараш бо кулоҳи сергӯшт пӯшида шудааст. Занбӯруғҳо ранги гуногун доранд. Онҳо серғизо буда, дар таркибашон миқдори кофии протеин ва намакҳои минералии барои инсон зарурӣ мавҷуданд. Занбӯруғҳои заҳрнок низ вомехӯранд, ки истеъмоли онҳо барои инсон марговар аст. Занбӯруғҳо ба рӯшноии офтоб эҳтиёҷ надоранд, зеро дар ҷисми онҳо хлорофил мавҷуд нест. Онҳо мисли рустаниҳои сабз наметавонанд аз гази карбонат ва об, ки дорои моддаҳои ғизоианд, истифода кунанд.
Барои ғизои занбӯруғҳо пайвастҳои органикии тайёр зарур аст.

ЗАНБӮРУҒ ЧӢ ГУНА МЕРӮЯД?

Занбӯруғ рустании аҷиб аст. Вай реша, тана ва барг надорад. Занбӯруғҳо ба хӯрданбоб, ғайриистеъмолӣ ва заҳрнок ҷудо мекунанд. Бахши хӯрданбоби занбӯруғ қисмати болоии он аст, ки дар сатҳи замин ҷой дорад. Дар қисми поёнии телпаки занбӯруғ сӯрохиҳои хурди зич мавҷуданд. Дар ин сӯрохҳо спораҳо (узви афзоиш) инкишоф меёбанд. Баъди пухта расидани занбӯруғ онҳо ба замин рехта, ба воситаи шамол паҳн мешаванд. Спораҳое, ки ба хок афтодаанд, инкишоф меёбанд ва аз онҳо занбӯруғҳои нав мерӯянд. Дар олам зиёда аз 100 ҳазор намуди занбӯруғҳо мавҷуданд. Дар Тоҷикистон тақрибан 2 ҳазор намуди онҳо дучор меоянд.

пешина
аз 395
навбатӣ