Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ОЁ ҒАФСИИ ТАНАИ ДАРАХТ СИННУ
СОЛИ ОНРО МЕФАҲМОНАД?
Ҳар сол дар фасли баҳор андаруни танаи дарахт ҳалқаҳои солона, яъне қабати нави рахи нозуке пайдо шуда ташаккул меёбанд, ки онҳоро ҳангоми арра кардани пояи дарахт дидан мумкин аст. Ин ҳалқаҳо танг ё васеъ мебошанд. Танг будани ҳалқа аломати давраи оромӣ ва васеъ будани он нишонаи давраи рушди дарахт аст. Қабати ҳалқаҳо бо калон шудани дарахт ҳар сол меафзояд. Ҳалқаҳоро шумурда, метавон синну соли дарахтро муайян кард.
КИТОБИ СУРХ ЧИСТ?
Дар ҷаҳон китобе ҳаст, ки онро Китоби Сурх меноманд. Ранги сурх аломати изтироб аст. Бинобар ин, ҳайвоноту рустаниҳое, ки ба онҳо хавфи нестӣ таҳдид дорад, дар Китоби Сурх ҷой дода мешаванд. Китоби Сурх рамзан намунаи ҳифзи олами набототу ҳайвоноти нодир дар ҷаҳон аст. Ҳар давлат Китоби Сурхи худро дорад. «Китоби Сурхи Тоҷикистон» соли 1979 таҳия шудааст. Ба он 226 намуди рустаниҳои гулдор, 4 намуди рустаниҳои олиташаккул, 58 намуди ҳайвоноти бемуҳра, 4 намуди моҳӣ, 21 намуди хазандаҳо, 37 намуди парандаҳо, 42 намуди ширхӯрони нодир ва ба ҳадди нестӣ расида дохил гардидаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё