Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
НАВОР ВА АККОСӢ
То ихтирои дастгоҳи аккосӣ (фотоаппарат) ва банаворгирӣ (кинокамера) одамон тасвирҳои худро танҳо ба намуди расм ё нигора барои хотира мегузоштанд.
Раванди аккосиро дар аввали асри XIX ихтироъ кардаанд. Тасвирҳои ибтидоӣ сиёҳу сафед буда, барои ҳосил намудани онҳо вақти зиёд сарф мешуд. Ҳоло суратгирак ва видеоҳои рақамӣ мавҷуданд, ки тасвирҳоро сабт намуда, дар хотирҳои электронӣ нигоҳ медоранд. Ин тасвирҳоро дар муддати кӯтоҳ ба дилхоҳ нуқтаи олам фиристодан мумкин аст.
ДАСТГОҲҲОИ АВВАЛИНИ АККОСӢ
ЧӢ ГУНА БУДАНД?
Фотокамераҳои аввалин аз қуттии бузурге иборат буданд ва объективи он ҳаракат мекард. Объектив нури рӯшноиро дар лавҳачаи филиззӣ ё шишагии дар охири камера ҷойгирбуда ҷамъ мекард.
Рӯшноӣ ба қабати кимиёвии лавҳача таъсир карда, пас аз чанд дақиқа дар он тасвир пайдо мешуд. Истеҳсоли нахустин наворҳои селлулоидиро соли 1888 Ҷорҷ Истмени амрикоӣ дар ширкати «Кодак» ба роҳ монд.
«ПОЛАРОИД» ЧИСТ?
Аксбардори фаврии «Полароид»-ро ихтироъкори амрикоӣ Эдвин Лэнд дар соли 1947 ихтироъ кардааст. Дар он ба ҷои навор қуттии пластикӣ истифода мешуд, ки дар дохилаш сафҳаҳои навор ва доруҳои кимиёвӣ мавҷуд буданд.
Чанд сония пас аз сабти навор аз дохили аксбардор акси «хушк» пайдо мешуд.
КӢ ТЕЛЕВИЗОРРО ИХТИРОЪ КАРД?
Ихтироъкори шотландӣ Ҷон Лоҷи Бэрд соли 1926 системаи телевизионии нахустинро намоиш дод. Он аз қуттии кӯҳна, сихҳои чӯроббофӣ, қуттии тунука ва фонуси велосипед сохта шуда буд. Телевизиони механикӣ дар асоси доираи чархзанандаи сӯрохдор кор мекард. Системаи электронии телевизионро соли 1923 В. Зворикин ихтироъ карда, онро «иконоскоп»
номид.
Томас Эдисони амрикоӣ нахустин инсонест, ки тасвири ҳаракаткунандаро ба навор гирифтааст. Лекин асосгузори кинематограф бародарони фаронсавӣ Огюст ва Луи Люмиерҳо ҳисоб мешаванд, ки дастгоҳи сабту намоиши киноро сохтанд. Соли 1895 бародарон Люмиерҳо 10 навори кино бардошта, намоиши нахустини оммавиро дар хиёбони Капусинҳо ташкил карданд.
Кинонаворҳои нахустин бесадо буда, аз актёрон санъати баланди қиёфабозӣ (мимика) ва имову ишораро талаб мекард. Барои фаҳмонидани ҳодисот дар экран навиштаҳо (титр) пайдо шуда, дар саҳна пианистанавоз мусиқӣ менавохт ва хотири тамошобинонро шод месохт. Нахустин навори садодор «Сарояндаи ҷаз» буд, ки соли 1927 дар ИМА истеҳсол шуд.
Навори видеоӣ соли 1956 ва камераи (камкордер) видеосабт солҳои 60-уми асри ХХ сохта шуда буд. Солҳои 60-уми асри ХХ камераҳои сабуктар ба фурӯш баромада, тасвиру садо дар наворҳои магнитӣ сабт мешуданд. Ибтидои асри XXI видеокамераҳои босифату зебо буда, онҳоро ба воситаи Интернет дар муҳлати кӯтоҳ ба гӯшаи дилхоҳи ҷаҳон интиқол додан мумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё