Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
Компютерҳои муосир таҷҳизоти электронӣ мебошанд, ки миқдори бузурги ахборро ҳифз ва коркард мекунанд. Бори аввал онҳо солҳои 40-уми асри ХХ пайдо шуданд. Самаранокии компютерҳои пуриқтидор ба миллиард амалиёт дар 1 сония мерасад. Аз ин сабаб онҳо барои ҳалли мақсадҳои гуногун: аз пешгӯии обу ҳаво то лоиҳакашӣ ва истеҳсоли дигар компютерҳо истифода мешаванд.
Майнаи электронии компютер аз ҳазорҳо ҷузъу қисмҳо иборат аст. Солҳои 60-уми асри ХХ олимон ҳамаи ин ҷузъҳоро тавонистанд дар чанд пластинаи хурд – чипҳо ҷойгир кунанд. Ҳоло як чип тақрибан аз 250 ҳазор ҷузъу қисмҳое иборат аст, ки кори компютерро идора мекунанд. Соли 2011 ширкати Altera чиперо сохт, ки он кори 3,9 миллиард транзисторро иҷро мекунад.
Соли 1833 риёзидони англис Чарлз Бэббиҷ ҳисобмоши4i механикии рақамиро ихтироъ кард. Он аз 25 ҳа-зор ҷузъ иборат буд. Лекин ба сабаби набудани маблағи лозима, он сохта нашуд. Олимони минбаъда дар асоси таҳқиқоти Бэббиҷ соли 1891 ҳисобмошинро сохтанд, ки ҳоло дар осорхонаи илмии Лондон маҳфуз аст. Асоси кори ин ҳисобмошин ба кори компютерҳои ҳозиразамон мувофиқ аст. Аз ин сабаб Чарлз Бэббиҷро асосгузори компютерҳо меноманд.
КОМПЮТЕРҲОИ НАХУСТИН ЧӢ ГУНА БУДАНД?
Соли 1945 олимони Донишгоҳи Пенсилвания (ИМА) Ҷон Экерт ва Ҷон Мокли нахустин компютери электронӣ-рақамӣ — ЭНИАК (ENIAC)-ро сохтанд. Он аз 16 навъ лампаи электронӣ (17468 адад), 7200 диод, 1500 реле, 70000 резистор, 10000 конденсатор ва дигар таҷҳизот иборат буда, 27 тонна вазн дошт ва дар 2 ҳуҷра ҷойгир буд. Пас аз ихтироъ ва истифодаи транзистор (солҳои 50-уми асри XX) компютерҳои баъдина иҷчаму сабук гаштанд.
КӢ КОМПЮТЕРИ ФАРДИРО ИХТИРОЪ КАРД?
Солҳои 70-уми асри XX Стив Возняк ва Стив Ҷобс компютери «Apple II»-ро сохтанд, ки ба компютерҳои фардии (РС) муосир асос гузошт. Ибтидо на ҳар кас қудрати харидории компютер дошт. Ҳоло компютер воситаи одномаи техникӣ буда, дар муассиса, донишгоҳ, мактаб ва хона васеъ истифода мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё