Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
КӢ АВВАЛИН ҲИСОБКУНАКИ МЕХАНИКИРО
ИХТИРОЪ КАРД?
Аввалин мошини ҳисобкунии механикӣ (калкулятор)-ро соли 1642 Б. Паскал сохт. Он аз чанд чархакҳо иборат буд, ки дар гирдашон рақамҳо сабт шуда буданд. Бо ин чархакҳо ададҳои амали ҳисоб интихоб ва дар сӯроҳиҳо ҷавоби масъала пайдо мешуд. Ҳисобкунакҳои ҷайбии электронӣ соли 1971 ба фурӯш бароварда шуданд.
СИККАИ АВВАЛИН ДАР КУҶО
ЗАРБ ШУДААСТ?
Сиккаи қадимтарин дар давлати Осиёи Хурд
– Лидия соли 685 то милод зарб шудааст. Он «трите» (1/3 статер) ном дошта, аз хӯлаи «электрум» (хӯлаи табиии тило ва нуқра) сохта шудааст. Дар аверс (пешаш) сари шери ошурӣ, дар реверс (қафояш) тамғаи иёр дошт. Аввалин сиккаи тоҷикӣ дар замони Дориюши I Бузург (522 – 486 то милод) аз тило зарб шуда, номаш «дарик» буд ва 8,4 г вазн дошт. Дар асри X дар Чин аввалин пули коғазӣ ба муомилот баромад, ки номи онро «чов» гузоштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё