Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
СОАТҲОИ АВВАЛИН ЧӢ ГУНА БУДАНД?
Аввалин соатҳо барои ҳисоби рӯз соатҳои офтобӣ ё гномон буданд, ки зиёда аз 5000 сол қабл дар Миср сохта шуда буданд. Онҳо аз давраи дар замин кашидашуда иборат буда, дар марказашон чӯбчае доштанд. Вақтро сояи чӯбча нишон медод, ки аз ҳаракати Офтоб вобаста буд. Дар Бобилистони Қадим бори аввал давраро ба 360° ва 12 соат тақсим намудаанд.
СОАТҲОИ ОБӢ ВА ОТАШӢ ЧӢ ГУНА БУДАНД?
Пас аз он соатҳои обӣ ва оташӣ сохта шуданд. Соатҳои обӣ (клепсидра, гидрологиум) ду намуд доштанд. Якумашон фосилаи вақтро бо миқдори обе, ки аз сӯрохии зарф ҷорӣ мешуд, чен мекарданд (Миср, Бобилистон, Юнони Қадим). Дуюмашон фосилаи вақтро бо пур шудани об аз сӯрохии махсуси зарф ҳисоб мекарданд (Хитой, Ҳиндустон).
Соатҳои атомӣ соли 1948 ихтироъ шудаанд. Онҳо чунон дақиқанд, ки хатогии 1 соат дар 1,6 млн сол ба вуҷуд меояд.
Соатҳои оташӣ низ чанд навъ мешуданд. Дар соатҳои чароғӣ вақтро аз ҳаҷми равғани ба чароғ рехта ҳисоб мекарданд. Танаи соатҳои шамъӣ дараҷадор мешуданд ва бо сӯхтани шамъ ва кӯтоҳ шудани он вақтро ҳисоб мекарданд. Дар соатҳои пилтагӣ ба пилтаи он саққочаҳои филизӣ мебастанд. Пас аз сӯхтани ришта саққоча меафтид ва садо мебаровард. Дар соатҳои регӣ рег аз як зарф ба зарфи дигар дар фосилаи муайяни вақт мерезад.
Дар замонҳои қадим одамон бо ангуштон ҳисоб мекарданд. Дертар силсилаи ададҳо ихтироз шуда, ҳисоб дар коғаз навишта мешуд. Рақамҳо бунёди ҳама гуна ҳисобҳо мебошанд. Рақамҳое, ки мо ҳоло истифода мебарем (аз 0 то 9), рақамҳои арабӣ ном дошта, аслан дар Ҳиндустони қадим ихтироз шудаанд. Дар асри XIII рақамҳо ба Аврупо паҳн гаштанд. Дар рушду такомули ҳисоб нақши риёзидонони тоҷик: Муҳаммади Хоразмӣ, Абулвафои Бузҷонӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абубакри Қарочӣ Абулҳасани Насавӣ, Умари Хайём, Насируддини Тӯсӣ, Ғиёсуддини Кошонӣ ва дигарон бузург аст.
Содатарин тахтаи ҳисоб ё «абак» 3 ҳазор сол то милод дар Бобилистон ихтироз шуда буд. Он аз лавҳаи хаткашида бо чуқурчаҳо иборат буда, сангчаҳо ё муҳраҳо дар онҳо ҳаракат мекарданд. Дар асри V то милод дар Миср ба ҷои хат ва чуқурчаҳо чӯбчаҳо ва сими муҳрадорро истифода мебурданд. Дар Ҳиндустони Қадим низ аз абак истифода мекарданд. Арабҳо бо абак дар Форс шинос шуданд. Дар маъхазҳои арабии ҳисоб калимаи «туроб» (хок, замин) маънои ҳамин абакро дорад.
Ба воситаи арабҳо Аврупо бо абак дар асри VIII шинос шуд. Дар Чин онро «суанпан» ва дар Ҷопон «соробан» мегуфтанд. Абакҳои баъдина ба қаторҳои воҳидҳо, даҳиҳо, садиҳо ва ҳазориҳо тақсим шуда, чор амали ҳисоб (ҷамъ, тарҳ, зарб, тақсим) бо онҳо тезтар иҷро мешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё