Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ВЕЛОСИПЕД
ВА МОТОСИКЛҲО
Бо ихтирои велосипед амали саворӣ боз ҳам аҷиб гашт.
Бо велосипед ба куҷо ва кай хоҳед сафар мекунед. Бо велосипед одамон Заминро давр зада, суръати ҳаракатро бештар намуданд (70 км/соат). Велосипед яке аз нақлиёти сершумортарин маҳсуб гардида, дар ҷаҳон зиёда аз миллиард велосипед истифода мешавад. Сабаби он нархи паст, андоза ва вазни кам, бехатарӣ ва экологӣ буданаш аст.
ВЕЛОСИПЕД КАЙ ИХТИРО ШУД?
Соли 1817 барон Карл фон Дрез (Карлсруэ, Олмон) равравак (самокат)-и дуҷархаи чӯбӣ сохт, ки «мошина барои роҳ гаштан» ном дошт. Он рул ва педал надошта ба воситаи теладиҳӣ ҳаракат мекард. Сохтори он доиман тағйир ёфта, соли 1879 тарҳи велосипедҳои муосир ихтиро шуд.
Соли 1840 оҳангари шотландӣ К. Макмиллан ба равраваки Дрез педал ва зин ҳамроҳ кард. Соли 1862 Пийер Липмани фаронсавӣ ба чархи пеши он педал ҳамроҳ кард.
Соли 1864 бародарон Оливйе ва Пийер Мишо ба истеҳсоли саноатии он оғоз карданд. Калимаи «велосипед»-ро (vélocipède) ихтироъкори фаронсавӣ Ж. Н. Ниëпс эҷод кардааст.
Мотосикл (аз фаронсавии motocycle) – восираи нақлиёти ду ё сечарха (бо притсеп ё бе он), ки массааш то 400 кг ва муҳаррикаш зиёда аз 50 см³ (ё тавоноии зиёда аз 4 кВт) аст. Соли 1894 бародарони олмонӣ Ҳайнрих ва Вилҳелм Ҳилдебрандҳо мотосикли нахустинро бо шинаи ҳаводор (пневматикӣ) сохтанд.
Мотосикли тезравтарини дунё «Dodge Tomahawk» (тавоноияш 500 қувваи асп) маҳсуб мешавад, ки суръати он то 560 км/соат мерасад.
Мопед – восираи нақлиёти ду ё сечархаест, ки муҳаррикаш аз 50 см³ ва суръаташ аз 50 км/соат зиёд нест. Мокик ва скутер шаклҳои гуногуни мопед мебошанд ва онҳоро «мотосикли хурд» низ мегӯянд.
АНДОЗАГИРИ
Нахустин ченакҳои дарозӣ аз қисмҳои бадани инсон пайдо шудаанд: ангушт, ваҷаб, газ (оринҷ), пай, қадам ва ғ. Дар замонҳои қадим подшоҳонро дар сафар шотирон ҳамроҳӣ менамуданд. Онҳо масофаи тайшударо бо қадам чен карда, пас аз ҳар ҳазор қадам нишонаи сангӣ («санг»), оҳанӣ («мил») ё чӯбӣ («ягоч») мегузоштанд. Барои андозагирии масофаҳои тӯлонӣ тоҷикон ченакҳои миллии фарсанг, санг, мил, як манзил, якрӯза роҳ, овозрас ва тирпартобро истифода мекарданд.
ҲАРОРАТРО ЧӢ ГУНА ЧЕН МЕКУНАНД?
Ҳароратро бо ҳароратсанҷ чен мекунанд. Ҳароратсанҷи нахустинро соли 1597 Галилей сохтааст, ки бо спирт кор мекард. Шакли ҳозираи ҳароратсанҷро Фаренгейт дар с. 1723 ихтироъ намуда, баъдтар онро бо симоб пур кард. Дар ҳароратсанҷҳои механикӣ ба ҷои моеъ тасмаи филиззӣ истифода мешавад.
АЛБЕРТ ЭЙНШТЕЙН КИСТ?
Алберт Эйнштейн олими бузургест, ки бисёр ҳодисаҳои физикӣ, аз ҷумла вобастагии энергия ва вақтро таҳқиқ намудааст. Соли 1915 ӯ назарияи нисбиятро кор кард, ки мувофиқи он агар шумо бо суръати рӯшноӣ ҳаракат мекардед, бароятон вақт суст гузашта, дарозӣ кӯтоҳу масса зиёд мешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё