Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

КАДОМ КИШТИҲО АРЗИШМАНД ВА
ПУРШУКӮҲ ҲАСТАНД?

Киштиҳои сайёҳӣ аз ҳама арзишманд ва пуршукӯҳанд. Соли 2010 киштии «Малоҳати баҳрҳо» (Allure of the Seas) сохта шуд, ки дарозиаш 360 м, бараш 60 м, баландиаш 72 м буда, 6400 мусофирро ҷой дода метавонист.
Дар хизмати онҳо чархофалак, майдончаҳои варзишӣ, ҳаммом, ҳавзҳои шиноварӣ, магазину ресторан, кино, театр ва дигар васоили истироҳату дилхушӣ мавҷуданд.

КИШТИҲОИ БУЗУРГ ЧИРО МЕКАШОНАНД?

Киштиҳои бузургтарин дар дунё - супертанкерҳо барои кашонидани моеъот (нафт, бензин) дар зарфҳои худ мутобиқ мебошанд. Бузургтарин супертанкер «Кнок Невис» аст, ки дарозиаш 458 м, бараш 69 м ва то 565 ҳазор тонна борро мекашонад.

КЛИПЕРҲО УқЁНУСРО ЧИ ТАВР МЕГУЗАШТАНД?

Клиперҳо киштиҳои тезгарди асри XIX буда, танаи нозуку борик ва шумораи зиёди бодбонҳо доштанд. Соли 1833 клипери бузургтарин – «Энн Мак-Ким» (Балтимор) ва соли 1845 клипери тезтарин - «Рейнбоу» сохта шуданд. Одатан, клиперҳо барои кашонидани чой аз Чин ба Аврупо истифода мекарданд. Як клипер масофаи байни Мелбурн (Австралия) ва Лондонро дар 85 рӯз тай кардааст, ки он вақт суръати баланд маҳсуб мешуд.

пешина
аз 395
навбатӣ