Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
КИШТИҲО
Киштисозӣ таърихи чандҳазорсола дорад. Киштии бодбонӣ ҳанӯз дар Бобилистон ва Мисри Қадим пайдо шуда буданд. Дар Чин сарвари киштисозон ва дарёнвардон як нафар тоҷик бо номи Муҳаммад Нуруддини Бухорой буд, ки дар асри XV санъати дарёнавардии Чинро ба авҷи аъло расонид. Киштиҳои мусофиркаши солҳои 30-юми асри XX бо ҳашамату андозаашон ақлу ҳуши касро мебурданд. Дар асри XIX ба киштиҳо муҳаррикҳои бухорӣ насб карданд, ки акнун ҳоҷат ба бод набуд. Дар асри XX ба ҷои муҳаррикҳои бухорӣ аввал дизелӣ, сипас атомӣ истифода мешуданд.
БОДБОНҲОИ НАХУСТИН
ЧӢ ГУНА БУДАНД?
Киштиҳои бодбондори нахустин 5 ҳазор сол пеш аз милод дар баҳри Миёназамин ва дарёи Нил шино мекарданд. Танаи киштӣ аз чӯб буда, як бодбони мураббаъ дар миёна дошт ва бо як бели калони дар думбола дошта идора карда мешуд.
ЧАРО ДАР КИШТИҲОИ БУҒӢ
БОДБОН НАСБ МЕКАРДАНД?
Дар вақти боди матлуб (шурта) киштӣ бе истифодаи ангишт масофаи зиёдеро тай карда, вақт ва маблағро сарфа мекард.
Дар истифодаи доимии бодбон ангиштро кам захира карда, дар ҷойи холишудаи он бори изофа гирифтан мумкин буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё