Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

РОҲИ ОҲАН

Роҳҳои оҳани аввалин дар шахта ва конҳо барои кашондани ангишту маъдан бо ёрии аспҳо сохта шуда буданд. Релсҳои наҳустин чӯбӣ буда, аз асри XVIII релсҳои оҳанӣ пайдо шуданд.
Имкониятҳои дигари роҳи оҳан танҳо пас аз пайдоиши паровозҳо маълум гашт. Поездҳо бо истифодаи бухор босуръат бору мусофиронро ба масофаҳои дур мерасонданд. Аввалин роҳи оҳани истифодаи умумӣ соли 1825 дар Англия ҷорӣ шуд.

ОЁ ТО ПАЙДОИШИ МОШИНАҲОИ БУХОРӢ ДИГАР
ПОЕЗДҲО МАВҶУД БУДАНД?

Ҳанӯз дар асри XVI ангиштканони Олмон санг, ангишт ва маъданро аз шахтаҳо бо ёрии аробаҳои дар релс ҳаракаткунанда мекашонданд. Аробаҳоро берун аз шахта аспон ва дар даруни он одамон мекашиданд. Релсҳои аввалин чӯбӣ ва кӯтоҳ буданд.

ҶАРАЁНИ ЭЛЕКТРИК ЧАРХҲОРО ЧӢ
ТАВР ДАВР МЕЗАНОНАД?

Роҳҳои оҳани муосир бо энергияи электрикӣ ҷиҳозонида шудаанд. Дар боми электровозҳо пантограф – қабулкунаки энергияи электрикӣ насб шуда, баландиаш ба таври автоматӣ танзим мешавад. Қабулкунак аз ноқилҳои роҳ энергияро ба муҳаррикҳои электрикӣ медиҳад, ки онҳо дар навбати худ чархҳоро давр мезанонанд.

БОРҲОРО ДАР КӮҲҲОИ
СЕРХАРСАНГ ЧӢ ТАВР
МЕКАШОНДАНД?

Локомотивҳои бузургтарини бухорӣ дар ҷаҳон солҳои 40-уми асри XX дар роҳҳои оҳани ширкати амрикоии «Юнион Пасифик» борҳои вазнинро дар кӯҳҳои серхарсанг мекашиданд. Локомотиви дарозиаш 40 м бо қатораҳои вазнин суръаташро то 130 км/соат меафзуд.

пешина
аз 395
навбатӣ