Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
Дар як аср автомобилҳо ҷаҳонро дигаргун намуда, воситаи нақлиёти муносиб, одӣ ва дастрас гаштанд. Ихтирои муҳаррики дарунсӯз ба рушди автомобилсозӣ такони тоза дод. Соли 1885 автомобили аввалин сохта шуда, истеҳсоли оммавии он соли 1908 оғоз гардид. Лекин истифодаи ҳамарӯзаи нақлиёти автомобилӣ на танҳо захираҳои нафтиро кам, балки ҳаворо низ ифлос мекунад. Ҳозир олимону муҳандисон тарҳи автомобилҳои каммасраф ва экологиро тарҳрезӣ мекунанд.
Автомобили аввалини бо муҳаррики бензиниро соли 1885 ихтироъкор Готтлиб Даймлер ва муҳандиси олмонӣ Карл Бенс сохта патенти ихтироот гирифтанд. Муҳаррики он дар таҳти курсӣ ҷойгир шуда, чархҳои ақибро давр мезанонд. Суръати автомобил аз 15 км/соат зиёд набуд.
Протектор – сатҳи барҷастаи нақши балони мошин аст, ки бо он рӯи роҳ ҳаракат мекунад. Дар роҳи тар байни балон ва асфалт қабати тунуки об имконияти лағжиданро афзун менамояд, бинобар ин, нақшҳои сатҳи балон тавре омода мешаванд, ки ҳангоми ҳаракат дар чунин роҳ обро бештар пош дода, лағзишро кам мекунанд. Барои фасли сармо низ протекторҳои махсус месозанд.
Автомобилҳои сабукрав бо кузови пӯшида (седан, лимузин) ва кушодашаванда (кабриолет) истеҳсол мешаванд. Ашхоси дорову давлатманд ё маъруф баҳри худнамоӣ одатан автомобилҳои боҳашаматро интихоб менамоянд. Автомобили дарозтарини ҷаҳон лимузини 10 тоннагиест, ки дарозиаш 30,5 м буда, 24 чарх дорад.
Суръати баландтаринро дар нақлиёти рӯизаминӣ 15 октябри соли 1997 ронандаи англис Энди Грин дар автомобили реакти-вии «Thrust SSC» соҳиб шуд, ки он бароба-ри 1227,98 км/соат аст. Иқтидори муҳарри-ки ин автомобил ба 110 ҳазор қувваи асп ба-робар аст.
Ҳар як истеҳсолгари автомобил мекушад то автомобиле созад, ки энергияро кам истифода барад. Чу-нин автомобилҳои каммасраф ва электромобилҳо сохта шудаанд. Ле-кин барои истеҳсоли барқ ангишт ва нафт истифода мешавад. Ҳоло ав-томобилҳое сохта шудаанд, ки аз нерӯи офтоб истифода мекунанд. Энергия тавассути батареяҳои ба нури Офтоб ҳассос ҷамъова-рӣ мешавад.
Энергияи Офтоб дар оянда 20-25% талаботи одамонро қонеъ кар-да, партофти ҳарсолаи 6 млрд тон-на гази карбонро ба атмосфера кам мекунад. Ҳоло воситаҳои гуногуни нақлиёт сохта шудаанд, ки аз энер-гияи Офтоб истифода мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё