Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

НАҚЛИЁТ

То ихтирои чарх инсон борро бар дӯш ниҳода пиёда роҳ мепаймуд. Баъдтар барои кашондани бори вазнин дар хушкӣ аз ғӯлачӯбу фишанг истифода мекарданд. Тадриҷан одамон борро бар дӯши ҳайвонот мекашидагӣ шуданд. Тақрибан 5 ҳазор сол муқаддам дар Бобилистон аробаи чархдор сохта шуд. 1500 сол муқаддам киштисозӣ равнақ ёфта, сайёҳон ба сафарҳои дур баромаданд.

ЧИРО «КИШТИИ БИЁБОН»
МЕНОМАНД?

Одамон аз қадим борҳои вазнинро дар шутур мекашонданд. Ҳатто яке аз ченакҳои вазни форсӣ «шутурбор» ном дошт.
Шутурҳо бе обу ғизо дар зери офтоби тафсон масофаҳои бузургро тай мекунанд, аз ин сабаб онҳоро «киштии биёбон» меноманд. Одамон шутурро тақрибан 4–4,5 ҳазор сол муқаддам ром намуда, то ҳол дар ҳамлу нақл истифода мебаранд.

ЧАНА ЧИСТ?

Қабилаҳои ҳиндувони Амрикои Шимолӣ бодиягард буда, аз як манзил ба манзили дигар кӯч мебастанд. Барои кашондани асбобу анҷоми рӯзгор онҳо аз чанаҳо истифода мекарданд. Ду чӯби дарози хаймаро ба ҳайвони боркаш ё саг баста, байни чӯбҳо борро мегузоштанд. Дар навоҳии кӯҳистони Тоҷикистон барои кашондани бор ё маҳсулоти кишоварзӣ аз чана (чигина) истифода мекарданд.
Ашрофу давлатмандонро ғуломонашон дар тахт, замбар ё курсии равон мекашонданд. Бори вазнинро ҳайвоноти боркаш: асп, хачир (Аврупо), фил, шутур (Осиё ва Африқо) ва лама (Амрикои Ҷанубӣ) мекашониданд.

Чархҳои аввалин дар Бобилистони Қадим тақрибан 3500 сол то милод пайдо шудаанд. Онҳоро нахуст аз санг, сониян аз тахта даврашакл месохтанд. Чунин чархҳо мустаҳкам, вале вазнин буданд. Онҳоро дар аробаҳои боркаш ва ҷангӣ истифода мекарданд.

Замбарғалтакро солҳои 221–265 то милод дар Чин ихтироъ кардаанд. Бо замбарғалтаки бузург одам метавонист бори вазнинро кашонад. Аз ин сабаб онро «барзагови чӯбин» меномиданд. Борро дар қаҷова ё сабад гузошта мебастанд. Дастаи замбарғалтак чанде дарозтар бошад, ҳамон қадар қувваи кам барои бардоштани он лозим меояд.

пешина
аз 395
навбатӣ