Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
Шиҳоби осмонии бузургтарин дар Манзумаи Офтоб – Серера аст. Тӯли он қариб 1000 км буда, вазнаш 9,5·1020 кг мебошад (аз с. 2006 сайёраи хурд ҳисобида мешавад). Ду шиҳоби осмонии дигар – Паллада ва Веста қӯтри тақрибан 500 км доранд. Бештаре аз шиҳобҳои осмонӣ андозаҳои бузурги бисёркилометрӣ доранд.
Шиҳобҳои осмонӣ боқимондаи ҷисмҳое мебошанд, ки аз онҳо сайёраҳо ба вуҷуд омадаанд. Онҳо аз сабаби наздикии сайёраи бузург – Муштарӣ ба сайёра мубаддал шуда натавонистанд. Муштарӣ бо таъсири худ суръати нисбии шиҳобҳои осмониро зиёд карда, ин равандро то ҳолате расонд, ки энергияи кинетикии шиҳобҳои осмонӣ аз энергияи ҷозибаашон зиёдтар шуд. Дар чунин шароит онҳо ҳангоми бархӯрд ба ҳам часпида натавонистанд. Баръакс, пас аз ҳар як бархӯрд онҳо ба қисмҳои хурдтар тақсим мешаванд.
Аксари шиҳобҳои осмонӣ дар ҳалқаи васеъе, ки байни мадори Миррих ва Муштарӣ воқеъ шудааст, ҳаракат мекунанд. Мунаҷҷимон ин ҳалқаро «Сарҳалқаи шиҳобҳои осмонӣ» меноманд. Вале баъзе шиҳобҳои осмонӣ аз ин ҳалқаи бузург берун баромада ба Замин наздик мешаванд. Ду гурӯҳи дигари шиҳобҳои осмонӣ низ мавҷуданд, ки «Трояниҳо» ном дошта, аз рӯи мадори Муштарӣ дар гирди Офтоб давр мезананд.
Ҳангоми ба Замин бархӯрдани шиҳобҳо танӯраҳо пайдо мешаванд, ки баъзеашон хеле бузурганд (Иёлати Аризона, ИМА). Қӯтри танӯра 1200 м, чуқуриаш 180 м буда, 65 млн сол қабл дар натиҷаи афтиши шиҳоб пайдо шудааст. Мувофиқи як фарзия пас аз афтиши зузанаби бузург чангу ғубори зиёде хеста, нури Офтобро пӯшидааст. Ин ҳодиса боиси хунукшавии ҳаво, фавти растанӣ ва ҳайвонот, аз он ҷумла динозаврҳо гардидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё