Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

Дар Манзумаи Офтоб ғайри сайёраву радифони онҳо боз ҷирмҳои кайҳонии гуногуни зиёде мавҷуданд. Одатан, онҳо аз сангу ях иборатанд.
Ҷирмҳои бузург шиҳобҳои осмонӣ (астероид), «сайёраи хурд» ё «сайёрак» номида шуда, андозаашон то садҳо км аст.
Ҷирмҳои хурд шиҳоб (метеор) номида шуда, андозаашон то зарраи рег мешавад.

Метеорити калонтарин - Гоба, ки 66 т вазн дорад.

Аксари шиҳобҳо ба атмосфераи Замин воридшаванда пораҳои начандон бузурганд. Лекин баъзан чун сангпораҳои бузург вомехӯранд. Чунин ҷисмҳо ҳангоми афжидан равшан ва бардавом месӯзанд. Номи онҳо «болид» аст.

Шиҳобҳо ба атмосфераи Замин доимо ворид мешаванд. Дар баландии 120 км онҳо гарм шуда, дар натиҷаи соиш бо ҳаво фурӯзон мешаванд. Ин хаттҳои фурӯзони осмонро мо метеор ё шиҳоб меномем.

Шиҳобҳо ё шиҳобпораҳо то он вақте, ки бо суръати баланд ба атмосфераи Замин дохил нашаванд, намоён нестанд. Шиҳоби дар атмосфера сӯхтаро баъзан «ситораи афтанда» меноманд. Сели шиҳоби гуфта пайдоиши чанд шиҳобро дар як қисмати осмон меноманд. Шиҳоб ҷисмест, ки пурра насӯхта ба сатҳи Замин афтидааст. Баъзеашон сангпора ва баъзеашон аз оҳану никел иборатанд.

пешина
аз 395
навбатӣ