Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

НаврасонКӯдаконМаърифат
Аз аввал хондан

КАДОМ ДАСТГОҲҲОИ КАЙҲОНИИ ЗУЗАНАБҲОРО ТАҲҚИҚ НАМУДААНД?

Барои таҳқиқи зузанаби Ҳаллей дар соли 1986 дастгоҳҳои кайҳонии «Вега-1», «Вега-2» (ИҶШС) ва «Ҷотто» (Аврупо) фиристода шуданд. Онҳо тасвири ҳастаи зузанаб ва маълумоти зиёде ба Замин фиристоданд. Соли 2005 дастгоҳи кайҳонии «Дип Импакт» (ИМА) ба сатҳи зузанаби Темпел зонди илмиро партофт, ки он акси сатҳи зузанабро гирифт.

Дастгоҳи кайҳонии «Ҷотто» зузанаби Ҳаллейро таҳқиқ мекунад.

Дастгоҳи кайҳонии «Дип Импакт» (ИМА) ба сатҳи зузанаби Темпел зонди илмиро мепартояд (2005).

АНДОЗАИ ҲАСТАИ ЗУЗАНАБ ЧӢ ҚАДАР АСТ?

Вақте ки зузанаб тӯл мекашад, андозаи он ба садҳо ҳазор километр мерасад. Ин андозаи абри чангу газ, ки сар ва думи зузанабро ташкил медиҳанд. Қисми сахти зузанаб — ҳаста хурд буда чанд километр аст.

ОЁ ЗУЗАНАБ БО САЙЁРАЕ БАРХӮРДА МЕТАВОНАД?

Ҳангоми ҳаракат дар Манзумаи Офтоб зузанаб ба сайёрае наздик шуда, таҳти таъсири қувваи ҷозибаи он метавонад мадори худро тағйир диҳад. Агар зузанаб боз ҳам наздиктар шавад, метавонад бо сайёра бархӯрад. Соли 1994 қисмҳои зузанаби порагаштаи Шумейкер-Леви 9 бо Муштарӣ бархӯрданд. Дар ҳар бархӯрди пораҳо бо атмосфераи сайёра болид ва абри бузурги газ пайдо мешуд.

пешина
аз 395
навбатӣ