Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ЗУЗАНАБҲО
(КОМЕТАҲО)
Зузанабҳо (зузанаб, ситораи думдор)
ҷирмҳои хурди Манзумаи Офтоб буда,
аз чангу ях иборатанд. Аксаран онҳо дар
минтақаҳои дури Манзумаи Офтоб сайр
мекунанд, аз ин рӯ мо онҳоро намебинем.
Дар вақти ба Офтоб наздик шудан, моддаи
онҳо бухор шуда, равшан ва ба мо намоён
мешаванд.
ЗУЗАНАБҲОИ МАШҲУР КАДОМАНД?
Лавҳаи гилии бобилӣ, ки дар бораи зузанаби Ҳаллей дар с. 164 т.м. хабар медиҳад.
Яке аз зузанабҳои машҳур – зузанаби Ҳаллей мебошад, ки ба номи ахтаршиноси машҳури англис Эдмонд Ҳаллей (1656–1742) гузошта шудааст. Ӯ зузанабро соли 1682 мушоҳида намуда, фаҳмид, ки ҳамон зузанаби солҳои 1531 ва 1607 буда, пас аз ҳар 76 сол пайдо мешавад. Ин пешгӯии ӯ дуруст баромад ва зузанаб соли 1758 боз дар осмон пайдо шуд. Ин зузанабро дар замонҳои қадим низ мушоҳида мекарданд.
Дар лавҳачаҳои гилии Бобилистони Қадим дар бораи пайдоиши зузанаби Ҳаллей дар соли 164 то милод қайд шудааст. Зузанабҳои равшани дигар: Хякутаке (1996), Ҳейл-Бопп (1997) ва Темпел (2011) ҳастанд.
ЧАРО ЗУЗАНАБҲО ДУМ ДОРАНД?
Вақте ки зузанабҳо аз Офтоб дуранд, онҳо ҷисми сахти яхгаштаанд ва мо онҳоро намебинем. Бо мурури наздикшавӣ ба Офтоб сатҳи онҳо гарм мешаванд. Қисми яхи сатҳи он бухор шуда ба газ мубаддал мешавад ва якҷоя бо чанг абреро ташкил медиҳанд. Дар нурҳои Офтоб абр дурахшида, Зузанаб падидор мешавад. Дар ҳолати ба Офтоб боз наздиктар шудан чангу газ боз ҳам зиёдтар мешаванд. Боди офтобӣ (сели зарраҳои барқнок) ба абр фишор оварда маҷбур мекунад, ки аз сари Зузанаб пош хӯрад (ин ҳолат «дум»-и Зузанаб пайдо мешавад). Аксар зузанабҳо 2 дум доранд: газӣ ва чангӣ. Ҳангоми аз Офтоб дур рафтан, Зузанаб хунук шуда, сар ва думи он хурд мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё