Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ГАЛАКТИКАҲО
Аз Замин чунин менамояд, ки фазои Кайҳон бо ситораҳо густурда шудааст. Агар шумо ба саёҳати тӯлонии кайҳонӣ бароед, пас аз вақти зиёде ситораҳоро гузашта меравед. Ба қафо нигариста мебинед, ки ситораҳо ҷамъ шуда сохтори бузургеро ташкил додаанд. Дар атрофи шумо чунин галаситораҳо зиёданд ва онҳоро галактикаҳо меноманд. Кайҳон аз чунин галактикаҳо ва фазои байни онҳо ташаккул ёфтааст.
ГУРӮҲИ МАҲАЛЛИИ ГАЛАКТИКАҲО
Дар Кайҳон миллиардҳо галактика мавҷуданд. Бисёри онҳо ба тарокумҳо гирд омада, кластерҳои галактикиро ташкил медиҳанд. Галактикае, ки мо дар он зиндагонӣ мекунем, «Роҳи Каҳкашон» ном дорад. Он ба кластери «Гурӯҳи Маҳаллӣ» шомил буда аз рӯи андоза дуюмин аст. Галактикаи аз он бузургтар Андромеда мебошад.
КОИНОТ ЧӢ ГУНА БА ВУҶУД ОМАД?
Олимон тахмин кардаанд, ки Кайҳон дар натиҷаи «Таркиши бузург» тақрибан 15 млрд сол қабл ба вуҷуд омадааст. Дар ибтидо кураи тафсони зич пайдо шуд ва он босуръат васеъ шуда ба Кайҳон табдил ёфт. Аксари олимон дар ин ақидаанд, ки васеъшавии он ҳоло низ давом дорад.
КОИНОТ АЗ ЧӢ ИБОРАТ АСТ?
Коинот аз моддаҳо ва фазо таркиб ёфтааст. Моддаи Коинот – ин сайёраҳо, радифони табиӣ ва ситораҳо мебошанд. Ситораҳо дар якҷоягӣ галактикаҳоро, галактикаҳо кластерҳо ё тарокумҳоро, тарокумҳо бошанд фавкуттарокумҳоро ташкил медиҳанд. Дар Коинот миллионҳо фавкуттарокумҳо мавҷуданд.
Замин
Гурӯҳи сайёраи заминмонанд
Манзумаи Офтоб
Метагалактика
Кайҳон
Офтоб Бозуи Чаббор
Фавкуттарокуми Сунбула
Гурӯҳи Маҳаллии галактикаҳо
Роҳи Каҳкашон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё