Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

Дурӣ ва массаи хурд таҳқиқи Плутонро душвор мегардонанд. Наздиктарин нуқтаи мадори сайёра аз Офтоб дар масофаи 4,4 млрд км аст. Телескопи кайҳонии «Ҳаббл» аз соли 2005 инҷониб сайёраро таҳқиқ намуда, 4 радифи табиии онро кашф кард. Барои таҳқиқи Плутон 19 январи 2006 миссияи илмии «New Horizons» (ИМА) равон шуд, ки 14 июли 2015 ба сайёра наздик мешавад.

Ҳоло 5 радифи табиии Плутон маълуманд, ки 3-тои он ном доранд. Радифи бузургтарин – Харонро Ҷ. Кристи соли 1978, Никта ва Ҳидраро соли 2005 кашф карданд. Телескопи кайҳонии «Ҳаббл» 20 июли 2011 радифи чорумро кашф кард (P4), ки қутраш тақрибан 13-34 км аст. 11 июли 2012 радифи панҷум (P5) кашф шуд, ки қутри 15-24 км дорад.

Аҳтаршиноси амрикои П.
Ловелл (1855–1916) мавҷудияти сайёраро пешгӯӣ намуда, аз ҳисоби маблағҳои шахсии худ расадхона сохт. Танҳо 18 феврали соли 1930 корманди ҳамин расадхона К. Томбо сайёраро кашф кард.

Сатҳи Плутон аз яху санг, атмосфераи
тунукаш аз азот, метан, этан ва оксиди
карбон иборат аст. Ҳарорати сатҳи сайёра
то ба -230,1°С ва атмосфераи он ба -
170°С мерасад. Ҳангоми наздикшавӣ ба
Офтоб яхҳо об шуда ба газҳо мубаддал
мешаванд. Эҳтимолан Плутон аз се қабат
иборат аст: 1. нитрогени яхшуда; 2. яхи об;
3. силикатҳо ва яхи об.

Харон бузургтарин радифи табиии
Плутон буда, соли 1978 кашф шудааст.
Қутри он 1205 км, массааш 1,52 10²¹ кг, ё
1/8 массаи Плутон аст. Харору Плутон ба
якдигар бо як паҳлу нигаронида шудаанд.
Бинобар ин аз Плутон Харон чун ҷирми
беҳаракат намуда, тарафи муқобили он
ҳеҷ вақт дида намешавад. Сатҳи Харон
бо ях пӯшида шудааст.

Ҳидра ва Никта радифони табиии Плутон, ки 15 июни 2005 телескопи кайҳонии «Ҳаббл»
кашф кардааст. Қутри Ҳидра тақрибан 52-160 км буда, дар масофаи 65 000 км аз Плутон аз рӯи мадори даврашакл ҳаракат мекунад. Қутри Никта тақр. 32-145 км буда, аз Плутон дар масофаи 50 000 км ҳаракат мекунад.
Плутон ва радифонаш соли 2015 ба восираи зонди «New Horizons» таҳқиқ мешаванд.

пешина
аз 395
навбатӣ