Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
Саёраҳои Нептун ва Плутон аз ҳама охир кашф шудаанд.
Онҳо дар масофаи миллиардҳо км дур аз Замин воқеъ шудаанд.
Мавҷудияти Нептун аввал дар ҳисобҳо тасдиқ ва сипас аз рӯи мадори ҳисобшуда кашф шуд (У.
Лаверйе, 23 сентябри 1846).
Нептун сайёраи бузурги газӣ буда ба Уран монандӣ дорад. Плутон кураи яхии начандон бузург буда, аз Моҳ ҳурд аст. Соли 2006 Плутон ба қатори сайёраҳои хурд гузаронида шуд.
Нептун ҳоло 13 радиф дорад. Бо телескоп ду радифи дар гирди сайёра даврзананда — Тритон ва Нероидаро мушоҳида кардан мумкин аст. Тритон бузургтарин радифи сайёра буда (қутраш 2700 км), муқобили самти ҳаракати радифони дигар давр мезанад. Тритон сеюмин (дар қатори Ио, Титан) радифи Манзумаи Офтоб аст, ки атмосфера дорад. Ҳарорати сатҳи он то –235 °C мерасад. Нептун низ ҳалқаҳо дорад, ки аз пораҳои ях иборат анд.
Шумораи ҳалқаҳои Нептун назар ба ҳалқаҳои Зуҳал кам ва заифтаранд.
Дастгоҳи кайҳонии «Вояҷер-2» (ИМА) соли 1977 ба сӯи Нептун равона шуда буд.
Он 25 августи 1989 дар масофаи 4400 км аз сатҳи сайёра парвоз намуда, ба Замин маълумоти илмии муфид фиристод. Олимон барои таҳқиқи сайёра соли 2016 дастгоҳҳои навбатии кайҳониро равон кардаанд.
Ранги Нептун чун ранги сайёраи мо — Замин кабуд аст. Ин ранги гази метани атмосфераи сайёра мебошад. Метан қисми сурхи тайфи (спектр) нури Офтобро фурӯ бурда, кабудро инъикос менамояд. Баъзан дар атмосфераи Нептун доғҳои сиёҳ пайдо мешаванд, ки онҳо асари тӯфонҳои шадид мебошанд.
Сохтори Нептун ба сохтори Уран монанд аст. Атмосфераи он аз ҳидроген ва каме ҳелий ва метан иборат аст. Сатҳи сайёра бо уқёнуси об ва газҳои моеъ пӯшида шудааст. Дар маркази сайёра ҳастаи сангии баробари андозаи Замин воқеъ шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё