Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

УРАН

Уран аз рӯи бузургӣ сеюмин сайёраи Манзумаи Офтоб буда, қутраш аз қутри Замин 4 бор зиёд мебошад. Уран аз Замин дар масофаи ниҳоят дур ҷойгир мебошад. Аз ин сабаб сайёраро танҳо пас аз ихтирои телескоп дар асри XVIII кашф карданд.

ЧАРО УРАН БА ПАҲЛУ МЕХОБАД?

Ҳамаи сайёраҳо дар атрофи Офтоб ҳаракат намуда, гирди тири худ низ чарх мезананд. Тири чархиши аксари онҳо ба сатҳи мадораш амудӣ аст. Тири Уран тамоюли зиёд дошта, бо сатҳи мадор қариб мувофиқ аст. Ба назар чунин менамояд, ки гӯё сайёра ба паҳлу мехобад. Дар натиҷа, қутбҳои Уран ба Офтоб гардонида шуда, доиман гарм мебошанд.

СОХТОРИ УРАН ЧӢ ГУНА АСТ?

Атмосфераи зичи Уран аз ҳидроген, ҳелий ва метан; мантия – аз об, аммиак ва яхи метан иборат аст. Дар маркази сайёра ҳастаи аз сангу филизз таркибёфта ҷойгир аст. Мавҷудияти метан (нури сурхи спектрро фурӯ мебарад) дар атмосфера ба сайёра ранги кабуди моил ба сабзро медиҳад.

УРАН ЧАНД ҲАЛҚА ДОРАД?

Маъмулан одамон фикр мекунанд, ки танҳо Зуҳал ҳалқаҳоро дорост. Соли 1977 олимони амрикоӣ муайян карданд, ки Уран 9 ҳалқа дорад, ки аз сангпораҳои андозаашон то 1 м иборатанд. Дертар ба воситаи дастгоҳҳои кайҳонӣ 4 ҳалқаи дигари Уран муайян карда шуда, адади онҳо ба 13 расид. Ҳалқаҳои Уран бисёр тунук (то 10 км) ва аз ҷисми тираву сиёҳ иборатанд.
УРАН ЧАНД РАДИФ ДОРАД?

Уран 27 радифи табиӣ дорад. Ба онҳо номҳои қаҳрамонони асарҳои В. Шекспир ва А. Попуа дода шудаанд. Панҷ радифи бузург: Миранда, Ариэл, Умбриэл, Титания ва Оберон ном доранд. Радифҳо аз ях ва сангпораҳои сатҳашон аз танӯра ва тарқишҳо иборат аст. Бузургтарин радифи Уран – Титания қутри 1576,8 км дорад.

МИРАНДАИ АҶОИБ

Миранда яке аз хурдтарин (қўтраш 470 км) ва наздиктарин радифи Уран аст, ки аз Замин мушоҳида карда мешавад. Сатҳи он аз харсангҳо, танӯраҳо, дараҳо ва водиҳо таркиб ёфтааст. Олимон бар ақидаанд, ки Миранда дар аввал бо ҷирми кайҳоние бархӯрда пора-пора гаштааст. Дертар пораҳо якҷоя шуда, манзараи аҷиберо ба вуҷуд овардаанд.

КӢ УРАНРО КАШФ КАРД?

Шаби 13 марти соли 1781 ахтаршиноси англис В. Ҳершел осмони ситоразорро бо телескоп мушоҳида мекард. Ӯ як ҷирми номаълумро пайдо намуда гумон кард, ки зузанаб аст. Лекин баъд маълум шуд, ки он ҷирм сайёра будааст. Он вақт танҳо 6 сайёраи Манзураи Офтоб маълум буд. Сайёраи навро ба шарафи худои юнонии осмон Уран ном гузоштанд.

ТАҲҚИҚИ УРАН БА ВОСИТАИ ДАСТГОҲҲОИ КАЙҲОНИЙ

Ба воситаи телескоп дар бораи Уран маълумот гирифтан мумкин нест, чунки аз Замин ниҳоят дур аст. Аксари маълумот оид ба Уран ба воситаи дастгоҳи кайҳонии «Вояҷер-2» (ИМА) соли 1986 гирифта шудааст. Соли 2021 равона намудани дастгоҳи кайҳонии махсус ба Уран дар назар аст.

пешина
аз 395
навбатӣ