Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ЗУҲАЛ

Зуҳал дуюмин (пас аз Муштарӣ) сайёраи бузург буда, кураи газдорро мемонад. Сайёра ҳалқаҳои зиёде дошта, яке аз ҷирмҳои аҷиби Манзумаи Офтоб ба шумор меравад. Бо мурури ҳаракат дар гирди Офтоб, сайёра сол аз сол гӯё сохтори ҳалқаҳои худро тағйир медиҳад.

СОХТОРИ ЗУҲАЛ ЧӢ ГУНА АСТ?

Зуҳал асосан аз газ ва гази моеъ иборат буда, бо атмосфераи аброки ҳидроген ва ҳелий иҳота шудааст. Сатҳи сайёраро уқёнуси бузурги ҳидроген пӯшонидааст. Поёнтар қабати ҳидрогени филиззӣ ва дар маркази сайёра ҳастаи сангии хурд ҷойгир шудааст.

ЧАРО ЗУҲАЛРО АБРҲО ПЕЧОНИДААНД?

Зуҳал бо қабати ғафси абрҳо иҳота шудааст. Дар натиҷаи ҳаракати босуръати сайёра, абрҳо хатҳои мувозӣ (параллел) ба экваторро ташкил медиҳанд. Дар сайёра 3 намуди абрҳо мавҷуданд, ки дар баландиҳои гуногун ҷойгиранд: аз обу ях, аз булурҳои ҳидросулфиди аммоний ва яхи аммиак. Байни онҳо фазои беабр мавҷуд аст.

ҲАЛҚАҲОИ ЗУҲАЛ АЗ ЧӢ ИБОРАТАНД?

Зуҳал ҳалқаҳои зиёде дорад, аммо аз Замин танҳо 3-тои онҳо намудоранд (А, В, С). Ҳалқаҳои дигарро дастгоҳҳои кайҳонӣ кашф кардаанд. Одатан, ҳалқаҳо чун як чизи том ба назар мерасанд. Лекин онҳо аз пораҳои яхи гуногунҳаҷм иборат буда, дар гирди сайёра бо суръати баланд дар ҳаракатанд. Соли 2009 олимон бо ёрии телескопи кайҳонии Спитсер дар гирди Зуҳал ҳолаи бузургеро ошкор намуданд, ки тӯлаш баробари 20 қӯтри сайёра аст.

САТҲИ ТИТАН ЧӢ ГУНА АСТ?

Сатҳи Титан аз яхи об ва ҷинсҳои геологӣ иборат буда, дар он кӯҳҳо, вулканҳо ва танӯраҳо мавҷуданд. Атмосфераи он асосан аз нитроҷен иборат буда, каме метан ва этан дорад. Онҳо абрҳоро ташкил медиҳанд, ки манбаи боришот мебошанд. Дар сатҳи радиф кӯл ва дарёҳои метану этанӣ мавҷуданд. Фишори сатҳи Титан аз фишори сатҳи Замин тақрибан 1,5 бор зиёд аст. Ҳарораташ – 170-180 °С. Қисми Титан аз яхи об ва қисми дигараш аз ҷинсҳои кӯҳӣ иборатанд. Чун дар Замин, дар Титан низ фаслҳои сол иваз мешаванд. Соли 2004 дастгоҳи кайҳонии «Кассини» (ИМА) ба сатҳи Титан зонди «Ҳюйҳенс»-ро фаровард, ки он маълумоти зиёди илмӣ ҷамъоварӣ намуд.

Зуҳал 62 радиф дорад. Қутри 5-тои онҳо (Тефия, Диона, Рея, Титан, Япет) аз 1000 км зиёд аст. Қутри радифи хурдтарин – Пан қариб 20 км аст. Радифи калонтарин – Титан (дуюмин пас аз Ганимед) 5152 км кутр дошта, ягона радифест, ки атмосферааш зич мебошад.

пешина
аз 395
навбатӣ