Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

МаърифатНаврасонКӯдакон
Аз аввал хондан

МУШТАРӢ

Муштарӣ сайёраи бузургтарини Манзумаи Офтоб аст (аз Замин 1300 бор бузург).
Сайёра кураи бузурги газӣ аст, ки аз ҳидроген таркиб ёфтааст. Дар атмосфераи Муштарӣ гирдбод (сиклон ва антисиклонҳо), тӯфон ва раъду барқҳо ба амал меоянд.
Гирдбодҳо чун доғҳои бузурги байзашакли сурх («Доғи сурхи бузург»), сафед ва қаҳваранг ба назар мерасанд. Муштарӣ радифони табиӣ дорад, ки андозаи баъзеашон баробари сайёраҳо аст.

СОХТОРИ МУШТАРӢ ЧӢ ГУНА АСТ?

Муштарӣ кураи бузургест, ки аз газ ва гази моеъ иборат аст. Атмосфераи Муштариро, ки ғафсиаш зиёда аз 1000 км аст, асосан ҳидроген ва каме ҳелий, абрҳои аз булурҳои яхӣ иборатбуда, аммиак ва пайвастагиҳои он ташкил медиҳанд. Дар қабатҳои поёнии атмосфера таҳти фишори баланд ҳидроген дар ҳолати моеъ қарор дорад. Аз ин қабат поёнтар фишор ҳидрогенро ба намуди филизи моеъ гардонидааст. Дар марказ ҳастаи сангии начандон бузург ҷойгир аст.

ЧАРО МУШТАРӢ ГУНОГУНРАНГ АСТ?

Хатҳои ранга дар тасвири Муштарӣ - ин намудҳои гуногуни абрҳо дар атмосфераи зичи он мебошанд. Азбаски Муштарӣ тез давр мезанад, абрҳо мувозӣ (параллел) ба истиво (экватор) чун хат рост мешаванд.
Хатҳои равшанро «мавзеъ»
ва сиёҳтарро «минтақа» меноманд.

«ДОҒИ СУРХИ БУЗУРГ» ЧИСТ?

Яке аз нишонаҳои ҷолиби диққат дар сатҳи Муштарӣ минтақаи байзашакли сурх бо номи «Доғи сурхи бузург» аст. То замони таҳқиқ бо зондҳои кайҳонӣ ба олимон пайдоиши табиати он номаълум буд. Ҳоло маълум аст, ки он гирдбоди бузург дар атмосфера мебошад. Қутри он 40000 км буда, аз қутри Замин 3 маротиба калон аст.

Муштарӣ 67 радифи табиӣ дорад, ки чор радифи бузургтарин – Ио, Европа, Ганимед ва Каллисто бо дурбин мушоҳида кардан мумкин аст. Ин радифҳоро соли 1610 олими итолиёвӣ Галилей кашф кардааст. Ганимед – бузургтарин радифи Муштарӣ ва Манзумаи Офтоб мебошад. Қутри он 5268 км (аз қутри Уторид зиёд) буда, қутри радифи хурдтарин Леда 20 км аст.

Радифи Муштарӣ – Ио бо фаъолияти баланди вулканҳояш фарқ мекунад. Гудохтаюи зарду норинҷии сулфур аз вулканҳо шорида сатҳи онро бо доғҳои гуногунранг пӯшидаанд. Чунин вулканҳоро соли 1979 дастгоҳи кайҳонии «Вояҷер-1» (ИМА) ошкор кард.

Соли 1973 дастгоҳи кайҳонии «Пионер-10» (ИМА) бори аввал атмосфераи Муштариро аз наздик аксбардорӣ намуд. Соли 1979 дастгоҳҳои «Вояҷер-1» ва «Вояҷер-2» (ИМА) маълумот ва тасвирҳои аҷоиби Муштариро ба Замин доданд. Солҳои 1995–2003 дар мадори Муштарӣ дастгоҳи кайҳонии «Галилео» (ИМА) буд. Соли 2000 дастгоҳи худкори байнисайёравии «Кассини» (ИМА) аз наздикии Муштарӣ гузашт. 28 феврали 2007 дастгоҳи «Уфуқҳои нав» (ИМА) расмҳои зиёди сайёра ва радифҳои Муштариро аксбардорӣ намуд. Августи 2011 ба Муштарӣ дастгоҳи кайҳонии «Юнона» (ИМА) равон шуд, ки фазои қутбии сайёраро меомӯзад. Соли 2020 аз рӯи барномаи омӯзиши радифони Муштарӣ ба сайёра дастгоҳҳои таҳқиқӣ равон карда мешаванд.

пешина
аз 395
навбатӣ