Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ЗУҲРА
Мадори Зуҳра наздиктарин мадор ба Замин аст. Аксар вақт Зуҳраро пас аз ғуруби Офтоб дар ғарб ва пеш аз тулуъ дар шарқи осмон мушоҳида кардан мумкин аст. Аз ин сабаб онро «ситораи бегоҳӣ» (ё «саҳарӣ») меноманд. Андозаи Зуҳра бо андозаи Замин қариб баробар аст. Лекин дар ин сайёраи беоби тафсон фишор ниҳоят бузург мебошад.
САТҲИ ЗУҲРА ЧӢ ГУНА АСТ?
Сатҳи Зуҳра асосан таҳту ҳамвор аст. Лекин дар он ду минтақаи васеи кӯҳӣ мавҷуданд, ки чун қитъа ҳисобида мешаванд. Яке аз он дар шимол буда, Замини Иштар ном дорад. Дигаре дар наздикии экватор аст ва онро Замини Афродита меноманд.
ЧӢ ТАВР АЗ ПАСИ АБРҲО ЗУҲРАРО МУШОҲИДА МЕКУНАНД?
Дастгоҳҳои кайҳонӣ имконияти аз паси абрҳо дидани сатҳи Зуҳраро доранд. Ба ин мақсад онҳо радарро истифода мебаранд, ки мавҷи он аз қабати абрҳо мегузарад. Солҳои 1989-1994 дастгоҳи кайҳонии «Магеллан» ба воситаи радар сатҳи Зуҳраро муоина намуда, харитаи томи онро тартиб дод.
СОХТОРИ ЗУҲРА
Андозаи Зуҳра қариб ба андозаи Замин баробар ва сохтораш низ монанд аст. Қишри мустаҳками Зуҳра аз ҷинсҳои сангӣ иборат буда, укёнусҳо надорад. Дар сатҳи тафсони Зуҳра об бухор мешавад. Таҳти қишр мантияи зич ва дар маркази сайёра ҳастаи филизии қисман моеъ ҷойгир шудааст.
ЧАРО АНДОЗАИ ЗУҲРА ДИГАРГУН МЕШАВАД?
Ҳангоми мушоҳида аз Замин гӯё Зуҳра шакл-у андозаашро тағйир медиҳад. Ин аз он сабаб аст, ки Зуҳра нисбат ба Замин ба Офтоб наздиктар аст. Вақте ки Зуҳра аз Замин дур қарор дорад, мо онро чун доирачаи хурд мебинем. Дар ҳолати ба Замин наздик омадан, гӯё андозааш бузургтар шуда, қисми доирааш намоён аст. Андозаи бузургтари Зуҳра дар фазои ба ҳилол монандаш намоён мешавад.
ЧАРО САТҲИ ЗУҲРА ГАРМ АСТ?
Ҳарорати миёнаи сатҳи Зуҳра аз ҳарорати баландтарини оташдони микромавҷӣ 2,5 баробар зиёд аст. Сабаб дар он, ки атмосфераи Зуҳра асосан аз гази вазнини дуоксиди карбон (СО2) иборат аст. Ин газ гармии сатҳи сайёраро нигоҳ медорад. Дар тӯли миллионҳо сол таҳти таъсири «падидаи гармхона» ҳарорат дар Зуҳра то 480 °С расид. Агар абрҳо 80% гармии Офтобро инъикос намекарданд, ҳарорат аз ин ҳам зиёдтар мешуд.
ЧАРО ЗУҲРА БО АБРҲОИ СЕРҚАБАТ ИҲОТА ШУДААСТ?
Аз Замин сатҳи Зуҳра намоён нест, чунки он бо абрҳои зич пӯшида шудааст. Ин абрҳо ба абрҳои Замин, ки аз зарраҳои хурди об иборатанд, монанд нестанд. Абрҳои Зуҳра аз зарраҳои кислоtai сулфат ташкил ёфтаанд. Мавчудияти сулфур дар атмосфераи Зуҳра маҳсули фаъолияти вулканҳои пуриқтидор ва тӯлонӣ аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё