Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

УТОРИД

Уторид (Тир) наздиктарин сайёра ба Офтоб буда, сатҳи он беҳад гарм мешавад.
Суръаташ низ тез аст ва гирди Офтоб дар 88 рӯз як даври пурра мезанад. Сатҳи он ҳазорҳо танӯра дошта ба сатҳи Моҳ монандӣ дорад.
Атмосферааш ниҳоят тунук аст.

АНДОЗАИ УТОРИД ЧӢ ҚАДАР АСТ?

Уторид сайёраи аз ҳама хурди гурӯҳи заминмонандуҳо аст. Қутри он 4878 км ё ду маротиба аз Замин хурд мебошад. Аз Уторид хурдтар Плутон аст.

МАДОРИ УТОРИД ЧӢ ХУСУСИЯТЕ ДОРАД?

Аксари сайёраҳо дар гирди Офтоб аз рӯи мадори даврашакл гардиш мекунанд. Мадори Уторид байзашакл аст ва гоҳо аз Офтоб то 70 млн км дур шуда, гоҳо то 46 млн км наздик мешавад.

ЧАРО УТОРИД САХТ МЕТАФСАД?

Уторид дар гирди Офтоб тез ва дар
гирди тири худ нисбатан сусттар чарх
мезанад. Қитъаҳои сатҳи он таҳти
шуоъҳои Офтоб якчанд моҳ монда то
ҳарорати 430 °C гарм мешавад. Дар
чунин ҳарорат баъзе филиззот чун
қалъагӣ ва сурб гудохта мешаванд.

САТҲИ УТОРИД ЧӢ ГУНА АСТ?
Миллиардҳо сол муқаддам ба сатҳи сайёраҳо шиҳобҳо (метеоритҳо) афтида, дар сатҳи онҳо та-нӯраҳои зиёде ба вуҷуд омаданд. Дар Замин зери таъсири боду ҳаво аксари танӯраҳо нест шуданд. Дар Уторид ба сабаби набудани атмосфера чунин тағйирот ба вуҷуд наомад. Ҳамаи танӯраҳои дар қа-дим пайдошуда ҳоло ҳам мавҷуданд. Яке аз танӯ-раҳои бузурги Уторид «Ҳавзи гарм» ном дорад, ки он дар натиҷаи бархӯрди сайёра бо шиҳоби бузург пайдо шудааст.

СОХТОРИ УТОРИД Уторид чун Замин ва дигар сайёраҳои гурӯҳи заминӣ аз чанд қабат иборат аст. Таҳти қишр (пӯст)-и ҷинсҳои сахт мантия ва дар марказ ҳастаи бузурги филизӣ ҷойгир аст. Фишурдашавии ҳаста боиси дар сатҳи сайёра ба вуҷуд омадани чин-ҳои бузург гардидааст.

ОЁ БА УТОРИД ДАСТГОҲҲОИ КАЙҲОНИ РАФТААНД?
Солҳои 1974-1975 дастгоҳи кайҳонии «Маринер-10» се маротиба аз наздикии Уторид парвоз намуда, сатҳи онро аксбардорӣ намуд. Аз аксҳо маълум шуд, ки Уторид ба Моҳ монандӣ дорад. 18 марти соли 2011 дастгоҳи кайҳонии «Мессенҷер» ба мадори Уторид даромада, 29 март аксҳои сатҳи онро ба За-мин равон кард.

пешина
аз 395
навбатӣ