Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
МОҲ
Ҳар ҷисм (ҷирм)-и дар гирди сайёра даврзананда (табиӣ ё сунъӣ) радифи он мебошад. Радифи табиӣ ва ҳамсояи наздиктарини кайҳонии Замин – Моҳ аст. Моҳро ба воситаи телескоп хуб мушоҳида кардан мумкин аст. Моҳ ҷирми нисбатан хурди (қутраш аз қутри Замин 4 маротиба хурд) кайҳониест, ки атмосфера надорад, обу ҳавояш тағйир намеёбад ва дар он ҳаёт нест. Таҳти таъсири Моҳ дар Замин ҳодисаи мадду ҷазр ба вуҷуд меоянд.
МОҲ ЧӢ ТАВР ПАЙДО ШУД?
Олимон ба он ақидаанд, ки Моҳ якчанд миллиард сол муқаддам дар натиҷаи бархӯрди ҷирми бузурги кайҳонӣ бо Замин пайдо шудааст. Пас аз он ба Кайҳон моддаи Замин ва ҷирми бархӯрда пош хӯрд. Зарраҳои ин модда ба ҳамдигар ҷазб шуда Моҳ пайдо шуд. Далели ин фарзия фарқияти ҷинсҳои геологии Моҳ ва Замин аст.
ИНСОН БА МОҲ КАЙ ҚАДАМ НИҲОД?
Бори аввал киштии кайҳонӣ ба сатҳи Моҳ 20 июли соли 1969 нишаст. Ду нафар кайҳоннаварди амрикоӣ - Эдвин Олдрин ва Нил Армстронг дар модули киштии кайҳонии «Аполлон-11» ба сатҳи Моҳ фуромаданд. Аввалин одаме, ки ба сатҳи Моҳ фуромадааст, Нил Армстронг буд (21 июли соли 1969). Умуман ба Моҳ 5 экспедитсия равона шуда, аз он ҷинсҳои геологӣ барои таҳқиқоти илмӣ оварда шудаанд.
ЧАРО ИВАЗШАВИИ ФАЗАҲОИ МОҲ БА ВУҶУД МЕОЯД?
Азбаски мо танҳо тарафи аз Офтоб равшаншудаи Моҳро мебинем, гумон мекунем, ки шакли он тағйир меёбад. Дар фазаи моҳи нав ба Замин тарафи ноаёни Моҳ нигаронида шудааст ва Моҳ намоён намешавад. Бо мурури даврзании Моҳ дар атрофи Замин, қисми намоёни тарафи равшаншудаи Моҳ то давраи пурра (бадр) меафзояд. Сипас Моҳ ба камшавӣ (коҳиш) шурӯъ мекунад. Аз як фазаи моҳи нав то дигараш 29,5 шабонарӯз сипарӣ мешавад.
ОЁ ДАР МОҲ БАҲРҲО ҲАСТАНД?
Мунаҷҷимони қадим фикр мекарданд, ки минтақаҳои тираи сатҳи Моҳ бо об пур ҳастанд ва онҳоро «баҳр» ном гузоштанд. Ҳоло мо медонем, ки онҳо пастхамиҳои бузурги ҷангӣ ҳастанд. Бо вуҷуди он, номи баҳр боқӣ монд. Аксари баҳрҳо дар тарафи ба Замин нигаронидашудаи Моҳ воқеъ шуда, дар тарафи муқобил ночизанд. Пастхамиҳо ғайри баҳр инчунин бо «уқёнус», «халиҷ», «кӯл» ва «ботлоқ» номгузорӣ шудаанд.
ТАНӮРАҲО ДАР МОҲ ЧӢ ГУНА ПАЙДО ШУДААНД?
Сатҳи Моҳ аз танӯраҳои зиёд иборат аст. Онҳо дар натиҷаи бархӯрди шиҳоб бо сатҳи Моҳ пайдо шудаанд. Пас аз бархӯрд таркиш ба амал меояд. Дар натиҷаи он ҷинсҳо гудохта мешаванд ва мавҷи таркиш танӯраи бузургеро ба вуҷуд меорад. Моддаи гудохта дар қаъру канори танӯра пайдо шуда, бо мурури вақт хомӯш мегардад. Қутри танӯраҳои бузург зиёда аз 200 км мебошанд. Аз танӯраҳои нав бавуҷудомада нури рӯшноӣ мебарояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё