Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ЗАМИН
Аз кайҳон сайёраи мо кабуд метобад. Ин ранг аз атмосфераи Заминро иҳотакунанда ва уқёнусҳо, ки аз се ду ҳиссаи сатҳи онро пӯшидаанд, пайдо мешавад. Қабати ҳавои Замин тунук аст, лекин онро аз афканишоти зараровари Офтоб ва шиҳобҳо муҳофизат менамояд. Ба туфайли обу атмосфера ҳаёт дар Замин пайдо шуд.
ФАРҚИ ЗАМИН АЗ ДИГАР САЙЁРАҲО
ДАР ЧИСТ?
Фарқияти Замин аз дигар сайёраҳо бисёр аст. Замин бо оби уқёнусҳо пӯшида шуда, атмосфераи он оксиген дорад. Атмосфера чун кӯрпа ҳарорати муътадилро нигоҳ медорад. Об ва оксиген манбаи ҳаёт буда, ба инсон ва 1,5 миллион намуди ҳайвоноту рустанӣ заруранд.
ЧАРО РӮЗУ ШАБ ИВАЗ МЕШАВАНД?
Тағйирёбии рӯзу шаб дар натиҷаи давр задани кураи Замин дар гирди меҳвари худ ба вуҷуд меояд.
Он рӯи Замин, ки ба Офтоб нигаронида шудааст – рӯз ва рӯи муқобил шаб аст. Давомоти рӯзу шаб ба арзи ҷуғрофии маҳал ва фаслҳои сол вобаста мебошад. Зимистон шабҳо дароз ва рӯзҳо кӯтоҳ мешаванд. Тобистон баръакс, рӯзҳо дароз ва шабҳо кӯтоҳанд.
ПАЙДОИШИ ЗАМИН ЧӢ ГУНА СУРАТ ГИРИФТ?
Замин тақрибан 4,6 млрд сол пеш, вақте ки моддаи пошхӯрда дар гирди Офтоб ба як лахта ҷамъ омад, ташақкул ёфт (яъне шакл гирифт). Дар ибтидо Замин аз як кураи бузурги моддаи гудохта иборат буд. Тадриҷан кура хунук шуда, атмосфера ва уқёнусҳо ба вуҷуд омаданд. Дунёи имрӯза пойдор гардид ва то ҳол дар тағйирёбист. Дар натиҷаи ҳаракати ҷинсҳои қишр (рӯй, пӯст)-и Замин қаъри уқёнусҳо лағжида, қитъаҳо ҷой иваз мекунанд. Лекин масоҳати Замин зиёд намешавад. Чунки канори тахтасангҳои уқёнус ба мантия ғӯтида гудохта мешаванд.
САБАБИ ИВАЗ ШУДАНИ ФАСЛҲОИ СОЛ ДАР ЧИСТ?
Сабаби тағйироти обу ҳаво ва ивазшавии фаслҳои сол аз он аст, ки тири чархиши Замин каме моил (қаҷ) аст. Он нимкураи Замин, ки дар рӯ ба рӯи Офтоб аст, аз гармӣ метафсад (тобистон) ва нимкураи муқобил сард мешавад, яъне он ҷо зимистон аст. Дар натиҷаи ҳаракати Замин фаслҳои сол иваз мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё