Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
АНДОЗАИ САЙЁРАҲО
Дар расм андозаи нисбии сайёраҳо ва масофаи онҳо то Офтоб оварда шудааст. Замин ба назар бузург менамояд. Агар ба расм диққат диҳед, сайёраҳое ҳастанд, ки аз Замин бузургтаранд. Лекин бузургтарини онҳо дар муқоиса бо Офтоб ночиз аст. Қутри Офтоб аз қутри Муштарӣ қариб 10 ва аз қутри Замин миллион маротиба зиёд аст. Замин аз 3 сайёраи наздиктарин – Зуҳра, Миррих, Уторид ва Плутон бузургтар аст.
ЗУҲАЛ ЧӢ ХУСУСИЯТҲО ДОРАД?
Зуҳал бо се хусусияташ аз дигар сайёраҳо фарқ мекунад. Якум ҳалқаҳои ниҳоят тунуки васеъ, равшану дурахшон дорад ва яке аз ҷирмҳои зебои Манзумаи Офтоб маҳсуб мешавад. Дуюм сайёраи сабуктарин буда, зичиаш ниҳоят хурд аст (аз зичии об ҳам хурдтар!). Агар Зуҳалро ба тағораи пуроб ҷой карда метавонистем, он ғарқ намешуд. Сеюм нисбат ба дигар сайёраҳо радифи табиии зиёд дорад.
КАДОМ САЙЁРАҲО ҲАЛҚА ДОРАНД?
Одамон дер боз гумон мекарданд, ки фақат Зуҳал ҳалқа дорад. Чунки дар телескоп танҳо ҳалқаҳои он дида мешаванд. Лекин дар расмҳои дар Кайҳон гирифта маълум гардид, ки 3 сайёраи бузург – Муштарӣ, Уран ва Нептун низ ҳалқа доранд. Ҳалқаҳои онҳо хурд ва сиёҳтаранд.
ЧАРО УРАНРО «САЙЁРАИ НАВ» МЕНОМАНД?
Мунаҷҷимон аз қадим сайёраҳоро мушоҳида намуда, дарёфтанд, ки ситораҳо дар осмон собитанду сайёраҳо дар сайру ҳаракат (аз ин сабаб «сайёра» ном доранд). Он замон 6 сайёра маълум буд. Пас аз ихтирои телескоп соли 1781 – Уран, 1846 – Нептун ва 1930 – Плутон кашф шуданд.
КАДОМ САЙЁРА АЗ ҲАМА БУЗУРГ АСТ?
Сайёраи аз ҳама бузург Муштарӣ мебошад. Ҷирми он аз ҷирми якҷояи ҳамаи сайёраҳо зиёд аст. Қутри экваториалии он 142800 км буда, аз қутри Замин 11 маротиба калон аст. Новобаста аз бузургӣ Муштарӣ дар 10 соат дар гирди меҳвари худ як бор давр мезанад. Сатҳи он дар экватор бо суръати 45000 км/соат, ё 30 маротиба аз Замин тезтар ҳаракат мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё