Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

БА САЙЁРАҲО

Ба Манзумаи Офтоб 8 сайёра шомиланд. 4 сайёраи на он қадар бузург
– Уторид, Зуҳра, Замин ва Миррих ба Офтоб наздик буда, сайёраҳои дохилӣ ё гурӯҳи заминӣ ном доранд. Сатҳи онҳо сахт аст. Боқимонда 4 сайёраи бузурги газӣ, ки сайёраҳои беруна номида мешаванд – Муштарӣ, Зуҳал, Уран ва Нептун ном доранд. Сайёраи хурди аз сангу ях таркибёфта - Плутон ба гурӯҳи сайёраҳои хурд дохил аст.

МУНАҶҶИМОН ТО ҲОЛ САРҲАДИ МАН- ЗУМАИ ОФТОБРО ДАҚИҚ НАМЕДОНАНД.
Нептун сайёраи аз ҳама дуртарин ҳисоб мешавад, лекин пас аз он сайёраи хурди Плутон ҷойгир шудааст. Мадори Плутон ниҳоят кашидашуда буда, баъзан назар ба Нептун ба Офтоб наздиктар аст. Плутон ниҳоят хурд ва чунон дур аз Офтоб воқеъ гардидааст, ки танҳо соли 1930 кашф шуд. Пас аз сохтани телескопи кайҳонии «Ҳаббл» дар бораи Плутон маълумоти нав ба даст омад. Соли 2006 ба сӯи Плутон кашфиёти кайҳонӣ фиристода шуд, ки маълумоти нодири он ба мо соли 2015 мерасад.

Масофа то Офтоб:
Уторид – 46 то 60 млн км (0,3871 в.а.);
Зуҳра – 108 млн км (0,7233 в.а.);
Замин – 149 млн км (1,0 в.а.);
Миррих – 228 млн км (1,5236 в.а.);
Муштарӣ – 700 млн км (5,2026 в.а.);
Зуҳал – 1426 млн км (9,5719 в.а.);
Уран – 2970 млн км (19,194 в.а.);
Нептун – 6200 млн км (30,066 в.а.);
Плутон – 4425 то 7375 млрд. км (39,537 в.а.).

пешина
аз 395
навбатӣ