Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

СОХТОРИ ОФТОБ ЧӢ ГУНА АСТ?
Офтоб аз чанд қабат иборат аст. Дар марказ ҳаста (ядро)-и тафсон ҷойгир шудааст, ки дар он энергия тавлид мешавад. Ин энергия аз минтақаи радиатсия (афканиш) ба қабати беруна – минтақаи конвексия интиқол дода мешавад. Аз ин ҷо селҳои гази тафсон энергияро ба сатҳи Офтоб (фотосфера) мебароранд, ки аз он энергия ба намуди гармӣ ва рӯшноӣ ба кайҳон афканда мешавад. Ҳарорати сатҳи Офтоб қариб 5500 °С аст. Дар сатҳ инчунин минтақаҳои нисбатан торик – доғҳо мавҷуданд, ки ҳарораташон аз 1000 °С пасттар аст. Андозаи баъзе доғҳо аз Замин калонтар аст.

«ПАДИДАИ ГАРМХОНА» ЧИСТ?
Газҳои атмосфераи Замин гармии Офтобро фурӯ бурда, дар худ нигоҳ медоранд. Ин ҳодисаро «падидаи гармхона» меноманд. Гармии изофае, ки дар Замин пайдо мешавад, ба кайҳон меравад. Лекин дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидории инсон, дар атмосфера миқдори зиёди газҳо (метан, дуоксиди карбон) ҷамъ шуда, ба баргаштани гармии изофа монеъ мешаванд. Ин ба гармшавии глобалии иқлими Замин оварда мерасонад.

ОФТОБ ЭНЕРГИЯИ ХУДРО АЗ КУҶО МЕГИРАД?
Энергияе, ки Офтобро ба нурафканӣ маҷбур мекунад, дар ҳаста (ядро)-и он тавлид мешавад. Он ҷо фишор ниҳоят бузург ва ҳарорат то 15 миллион градус мерасад. Дар чунин шароит раванди синтез (якшавӣ)-и ҳастаҳои гидроген ва тавлиди ҳастаи унсури дигар - гелий ба амал меояд. Дар натиҷаи он миқдори бузурги энергия хориҷ мешавад.

ОЁ ОФТОБ ДОИМО НУР МЕАФКАНАД?
Офтоб тақрибан 5 миллиард сол муқаддам якҷоя бо Манзумаи Офтоб пайдо шудааст. Аз он вақт доимо дурахшон аст.

Фарзияе вуҷуд дорад, ки
пас аз 5 миллиард сол Офтоб
ба дамидан оғоз карда боз ҳам
гармтар мешавад. Уқёнусҳо
дар Замин хушк гашта ҳамаи
махлуқи ҷондор мемирад.

Тадриҷан (оҳиста-оҳиста)
Офтоб ба ситораи сурхи бузург
табдил меёбад. Замин сӯхта,
мумкин ки Офтоби дамида онро фурӯ барад.

Сипас Офтоб фишурда шуда, аввал ба паканаи сафеди андозааш баробари Замин ва баъд ба паканаи сиёҳи хомӯшшуда табдил меёбад.

пешина
аз 395
навбатӣ