Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ОФТОБ
Офтоб маркази Манзумаи Офтоб аст. Чун дигар ситораҳо он кураи тафсони газ мебошад. Офтоб ситораи бузурге буда, қутри экваторалиаш баробари 1392 000 км аст. Офтоб ба фазо миқдори зиёди энергияро меафканад. Рӯшноӣ ва гармии он ба Замин расида, шароити зисти инсонро муҳайё мекунад.
ГИРИФТИ ОФТОБ ЧӢ ТАВР БА АМАЛ МЕОЯД?
Баъзан Моҳ аз байни Офтобу Замин гузашта Офтобро мепӯшонад ва ба Замин соя меафканад. Рӯз ногаҳон чун шаб торик мешавад, ки ин ҳодисаро гирифт (кусуф)-и пурраи Офтоб меноманд. Аз Замин андозаи Офтобу Моҳтоб якхел менамояд ва аз ин сабаб Моҳ курси Офтобро метавонад пурра пӯшад. Гирифти пурра минтақаи хурди Заминро фаро мегирад, чунки сояи Моҳ хурд аст.
ДАР САТҲИ ОФТОБ ЧӢ ҲОДИСАҲО РУХ МЕДИҲАНД?
Сатҳи Офтоб аз массаи ҷӯшидаистодаи гази тафсон иборат буда, чун баҳри пурталотум доимо дар ҳаракат аст. Аз минтақаҳои гуногуни он ба баландии садҳо ҳазор километр сели равшани газмонанди гидроген – забона (протуберанс)-ҳо фаввора зада мебароянд. Сипас онҳо чун қавс каҷ шуда боз ба сатҳи Офтоб меафтанд. Баъзан таркишҳо ба амал меоянд, ки «дурахш» номида мешавад. Дар ин маврид ба фазо сели зарраҳо партофта мешавад, ки ба пайдоиши тӯфони магнитӣ дар Замин сабабгоранд.
ОЁ БА ОФТОБ НИГОҲ КАРДАН БЕЗАРАР АСТ?
Ҳеҷ гоҳ рост ба Офтоб нигоҳ накунед, чунки нури равшани он ба чашмҳо зарари зиёд дорад. Тобистон ба чашмонатон айнаки аз нури офтоб муҳофизаткунанда пӯшед. Барои мушоҳида тасвири Офтобро ба воситаи дурбин ё телескоп ба коғаз гузаронида тамошо кунед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё