Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ОМӮЗИШИ ОСМОН
Осмони ситоразор яке аз зеботарин манзараҳои табиат аст. Дар авҷи сиёҳи он ситораҳои бешумор дар чашмак задан ва сайёраю шиҳобу зузанабҳо дар ҳаракатанд. Ахтаршиносӣ илми қадимиест, ки чигунагии ҷирмҳои осмониро меомӯзад.
МУНАҶЧИМОН ДАР КУҶО КОР МЕКУНАНД?
Мунаҷчимон ситораҳоро дар расадхонаҳо мушоҳида мекунанд.
Дар гунбадҳои расадхонаҳо телескопҳои бузург шинонда шудаанд, ки онҳо ба воситаи оинаҳои параболавӣ рӯшноии ситораҳоро ҷамъ менамоянд. Расадхонаҳоро дар баландӣ ё кӯҳсор месозанд, чунки ҳаво дар он ҷо шаффофу тоза аст. Дар ҷумҳурии мо расадхонаҳо дар ноҳияҳои Ҳисор ва Данғара (Санглох) сохта шудаанд.
ОДАМОН АЗ КАЙ БА МУШОҲИДАИ ОСМОН
ОҒОЗ КАРДААНД?
Одамон аз давраҳои қадим осмони ситоразорро мушоҳида мекунанд. Аввалин маротиба номҳои сайёраҳо дар «Матнҳои пирамида»-и Мисри Қадим (асрҳои XXV–XXIII то милод) оварда шудаанд. Дар матнҳои қадимии зардуштии «Бундаҳишн» ва «Авесто»
маълумот оид ба рӯзу шаб, фаслҳои сол, моҳҳову ҷашнҳо оварда шудаанд. Дар китоби муқаддаси «Қуръон» дар бораи коинот, қабатҳои осмон, ситораву сайёраҳо маълумот дода шудааст.
АСБОБҲОИ МУШОҲИДАИ
ҶИРМҲОИ ОСМОНӢ
На ҳамаи ҳодисоти осмони ситоразорро бо чашми одӣ дидан мумкин аст. Одамон барои мушоҳидаи осмон асбобу абзорҳои нуҷумӣ: шохис (гномон), соати офтобӣ, ситораёб (устурлоб), судс (секстант, зовиясанҷ)-ро ихтироъ кардаанд.
ЧАРО ТЕЛЕСКОПҲОИ
КАЙҲОНИИ БЕҲТАРАНД?
Телескопҳои кайҳонӣ осмони ситоразорро амиқтар муоина менамоянд ва афканишотеро, ки аз қабати атмосфераи Замин гузашта наметавонанд (рентгенӣ, гамма-нурҳо), ҳис ва қабул мекунанд.
Олимон Собит ибни Қурра, Ибни Шотир, Абулҳасан ибни Юнус рисолаҳо доир ба шохис ва санъати сохтани соати офтобӣ навиштаанд.
Баҳоуддини Омулӣ соати офтобиро сохта буд.
Нахустин созандаи устурлоб дар ҷаҳони ислом ал-Баттонӣ (858-929) аст. Доир ба сохт ва тарзи кор бо устурлоб Ҷобир ибни Ҳайён, Иброҳим ибни Ҳабиб, Аҳмад ибни Абдуллоҳи Марвазӣ, Муҳаммад ибни Мусо ибни Шокир, Муҳаммад ибни Мусои Хоразмӣ, Бадеи Устурлобӣ, Абуисҳоқи Зарқолӣ, Абулаббоси Фарғонӣ, Абдурраҳмони Суфӣ, Абурайҳони Берунӣ, Шарафуддини Тӯсӣ, Фазл ибни Ҳотами Найрезӣ ва дигарон рисолаҳои ҷолиб навиштаанд. Радиуси судси девории Абурайҳони Берунӣ 7,5 м ва Насируддини Тӯсӣ 6,5 м буданд. Судси бузургро дар расадхонаи Улуғбек дар Самарқанд олими тоҷик Ғиёсуддини Кошонӣ сохтааст (40 м).
Абумаҳмуди Хуҷандӣ дар расадхонаи Мароға судси бузурге сохт («Судси Фахрӣ»), ки қутри он 86 м буд.
Телескоп асбоб барои мушоҳидаи ҷирмҳои осмонӣ буда, он аз лӯлаи филиззӣ ва линзаву шишаҷаҳо иборат аст. Азвалин нақшаи телескопро ихтироъкор ва рассоми бузург Леонардо да Винчи кашидааст. Телескопи аввалинро Иоҳан Липперсхейи Ҳолландӣ сохтааст (1608).
Соли 1609 Галилео Галилей телескопро бори нахуст дар мушоҳидаҳои илмӣ истифода намуда, бо он кӯҳ ва танӯраҳои Моҳ, доғҳои Офтоб ва радифҳои Муштариро кашф кард.
Ситораҳо на танҳо рӯшноӣ, балки радиомавҷҳо меафкананд. Олимон телескопҳое сохтаанд, ки ин радиомавҷҳоро сабт мекунанд ва радиотелескоп ном доранд. Онҳо радиомавҷҳо (радиосигналҳо)-ро дошта, дар антенна (мавҷгир) ҷамъ мекунанд. Аз онҳо сигнал (хабар) ба компютер рафта ба тасвир мубаддал мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё