Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
НУСРАТУЛЛО МАХСУМ
Шахсияти маъруфи ҳизбию давлатӣ, фарзанди фарзонаи халқи тоҷик.
Соли 1881 дар деҳаи Чашмаи Қизилии ноҳияи Ғарм таваллуд ёфта, соли 1937 бар асари таъқиботи ғаразнок қурбони беадолатӣ гардидааст. Нусратулло Махсум барои таъсиси Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ хидматҳои бузург кардааст. Ӯ нахустин тоҷикест, ки дар мақомоти олии ҳизбӣ ва давлатӣ дар вазифаи Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон кор карда, то дараҷаи Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Иттиҳоди Шӯравӣ расидааст. Нусратулло Махсум барои пуштибонии миллати тоҷик саъю талош ва ҷонбозиҳо намуда, аз асолати миллӣ, забони модарӣ, арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва марзҳои ҷуғрофии тоҷикон дифоъ кардааст.
Ба ходими маъруфи давлатӣ Нусратулло Махсум барои фаъолияти бунёдкорона ва хидматҳои бузургаш дар поягузории давлати мустақили Тоҷикистон 27-уми июни соли 2006 унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР
Шахсияти маъруфи ҳизбию давлатӣ, фарзанди фарзонаи халқи тоҷик.
Соли 1899 дар деҳаи Поршневи Бадахшон ба дунё омада, соли 1937 бар асари дасисаю беадолатиҳои замон қурбон гардидааст. Шириншоҳ Шоҳтемур фарди миллатдӯсту ватанпарвар ва фидоӣ буда, то охири умр барои бунёди Ҷумҳурии Тоҷикистон, пуштибонии халқу миллат, таъсиси матбуоти тоҷик ва тайёр кардани мутахассисони меҳнатпараст саҳм гузоштааст. Шириншоҳ Шоҳтемур ҳангоми раиси Президиуми Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданаш барои тамомияти арзии кишвар ва пуштибонии ҳудудҳои таърихию мероси фарҳангии тоҷикон кӯшишҳо намудааст.
Ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик, Ш. Шоҳтемур барои фаъолияти ҳизбию давлатӣ ва хизматҳои бузургаш дар поягузории давлати Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё