Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

Қаҳрамонҳои Тоҷикистон

МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Шоир ва адиби барҷастаи халқи тоҷик, ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ. Фарзанди фарзона ва Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ (1967). Ӯ 2 майи соли 1911 дар деҳаи Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав таваллуд ёфта, соли 1977 дар шаҳри Душанбе аз дунё гузаштааст. Мирзо Турсунзода шоири башардӯсту сулҳпарвар ва муборизи барҷастаи роҳи озодӣ ва дӯстии халқҳои кишварҳои Осиёву Африқо буд.

Ӯ солҳои зиёд раисии Кумитаи якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқоро ба уҳда дошта, барои бедории маънавӣ ва талошҳои истиқлолхоҳии халқҳои Осиё ва Африқо саҳми бузург гузоштааст. Асарҳояш: “Ҳазон ва баҳор” (1937), “Арус аз Москва” (1945), силсилаи шеърҳои “Қиссаи Ҳиндустон” (1947), “Ман аз Шарқи озод” (1950), “Ҳасани аробакаш” (1954), «Садои Осиё» (1956), “Ҷони ширин” (1959), “Посбони оташ” (1976) ва силсилаи “Модарнома” (1977). Барои хизматҳои бузург ба ходими намоёни ҷамъиятӣ, академик Мирзо Турсунзода 7-уми майи соли 2001 унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

пешина
аз 395
навбатӣ