Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Шахсияти маъруфи сиёсиву давлатӣ ва пешвои миллати тоҷик дар даврони истиқлол, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1994. 16 октябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 1994 дар интихоботи умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст. Эмомалӣ Раҳмон барои барқарорсозии сулҳу субот ҷони худро дар хатар гузошта, мамлакатро аз парокандагӣ ва миллати тоҷикро аз вартаи нобудшавӣ нигоҳ дошт. Ӯ чун фарзанди фарзонаи халқи тоҷик дар пойдорсозии истиқлолияти миллӣ ва мустаҳкам намудани давлати Тоҷикистон нақши бузург ва созанда бозидааст. Маҳз бо сайъу кӯшишҳои Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик ва фарҳангу адабиёти оламшумули онро дар арсаи ҷаҳонӣ шинохтанд ва эътироф карданд. Барои чунин ҷоннисориҳояш дар асоси қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 ба Эмомалӣ Раҳмон унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё