Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Шахсияти намоёни ҳизбию давлатӣ, яке аз сиёсатмадорони барҷастаи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон. Таърихнигор ва шарқшиноси бузурги халқи тоҷик ва олими шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ. Ӯ соли 1909 дар деҳаи Исфисори назди шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, соли 1977 дар шаҳри Душанбе вафот кардааст. Фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров дар назди миллату давлат ва Ватани азизаш бо хидматҳои шоёну беназир мақому манзалати илми шарқшиносӣ ва дипломатияи Шӯравиро ба пояи баланд расонидааст. Муаллифи китобҳои «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» (1947), «Тоҷикон» (1979), «Искандари Мақдунӣ ва Шарқ». (бо шарикмуаллифи Д. Цибукидис 1980). Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 8-уми сентябри соли 1997 ба академик Бобоҷон Ғафуров унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

пешина
аз 395
навбатӣ