Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ҚАҲРАМОНҲОИ ТОҶИКИСТОН
Қаҳрамони Тоҷикистон унвони олиитарини давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки аз 14-уми декабри соли 1996 таъсис ёфтааст. Ин унвон барои хизматҳои бузургу беҳамто дар назди халқу Ватан, фидокорию ҷоннисориҳои бесобиқа баҳри пойдорию шукуфоии беназири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти мамлакат ё қарори Маҷлиси Олӣ дода мешавад. Ашхоси бузург ва фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, ки барои пойдории мамлакат, пуштибонии мероси таърихию фарҳангӣ, пешрафту тараққиёти давлати Тоҷикистон ва дар арсаи ҷаҳонӣ боло бурдани мақому манзалати тоҷикон хизматҳои беназир кардаанд, бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.
САДРИДДИН АЙНИЙ
Нависанда ва олими бузурги тоҷик, фарзанди фарзона ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Ӯ 15 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони аморати Бухоро ба дунё омада, соли 1954 дар шаҳри Сталинобод (Душанбеи ҳозира) вафот кардааст. Маҷмӯаи шеърҳо, ҳикояву повестҳо, романҳои таърихии устод Садриддин Айнӣ инҳоянд: «Ҷаллодони Бухоро» (1920), «Намунаи адабиёти тоҷик», «Одина» (1924), «Дохунда» (1930), «Ғуломон» (1934), «Марги Судхӯр» (1936), «Ятим» (1940), «Ёддоштҳо» (1947–1954), (иборат аз чор ҷилд). Асарҳои устод Айнӣ ба 29 забон тарҷума ва нашр шудаанд. Соли 1978 бо қарори ЮНЕСКО 100-солагии устод Айнӣ дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта шуд. Барои хизматҳои бузург дар назди халқу Ватан 8 сентябри соли 1997 ба Садриддин Айнӣ унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё