Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

МаърифатНаврасонКӯдакон
Аз аввал хондан

НИШОНИ ДАВЛАТӢ
Нишон дар асрҳои миёна пайдо шуда, рамзи мансубият ба ягон қавму қабила, халқияту миллат, шаҳру давлатро ифода менамуд.
Чун нишонаву рамзи дараҷаву мартабаи шахс ё авлод дар ҷамъият хизмат мекард. Дертар шаҳр, вилоят ва давлатҳо соҳиби нишони худ шуданд. Нишонро мухтасарнависи таърих мегӯянд ва аз рӯи он маълумоти авваларо дар бораи давлат пайдо кардан мумкин аст.

НИШОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ
ТОҶИКИСТОН

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи давлатӣ 28 декабри соли 1993 аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст.
Он аз тасвири тоҷи нимдоира ва ҳафт ситораи рӯи он иборат мебошад, ки бо нурҳои офтоби аз паси кӯҳҳои барфпӯш тулуъкунанда ва ҷамбарае оро ёфта, атрофашро аз тарафи рост хӯшаҳои гандум ва аз тарафи чап шоҳаҳои пахтаи шукуфон иҳота кардаанд. Болои чанбара бо тасмаи сераха печонида шуда, дар қисми поён рӯйи лавҳ китоби кушода ҷойгир шудааст. Нишон ранга буда, тоҷ, офтоб, кӯҳҳо, хӯшаи гандум, китоб ва лавҳ бо зарҳал тасвир ёфтаанд, появу баргҳои ниҳолҳои пахта сабз, раҳҳои тасмаҳо сурх, сафед ва сабз, муқоваи китоб сурх аст.

ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ
ТОҶИКИСТОН

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ буда, 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст.
Он ҳангоми чорабиниҳои муҳимми сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ афрохта мешавад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунчает, ки дар рӯи он се рахи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст:
рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он бо рахи сабзи поён баробар мебошад, рахи сафеди мобайни якуним баробари паҳнои ҳар яке аз раҳҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир гардидаанд.

пешина
аз 395
навбатӣ