Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

Калимаи Конституция (аз лотинии constitution – барпо намудан, бунёд гузоштан аст), мафҳуми Сарқонуни амалкунандаро ифода менамояд. Конституция (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи райъпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 қабул гардида, заминаи ҳуқуқии истиқлолияти давлатӣ ва сохтори давлатдории мустақилро дар Тоҷикистон асос гузошт. Конституция қонуни асосиест, ки қонунҳо ва санадҳои дигари ҳуқуқӣ набояд ба он мухолифат дошта бошанд. Конституция инчунин меъёрҳоеро дар бар мегирад, ки тибқи онҳо ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва рушди ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсию мафкуравӣ кафолат дода мешаванд. Конституция (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат аст.

Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатӣ аз матн ва оҳанг иборат буда, 7 сентябри соли 1994 аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст. Ҳангоми ба тариқи расмӣ садо додани Суруди Миллии Тоҷикистон ҳозирин аз ҷой мехезанд. Суруди Миллии Тоҷикистон ҳангоми савганд ёд кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғозу анҷоми ҷаласаҳои Маҷлиси Олӣ, пазирой ва гусели сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои хориҷӣ, баргузории маросимҳои ҳарбӣ, мусобиқаҳои варзишии сатҳи баланд ва дигар тадорукоти расмӣ садо медиҳад. Муаллифи матни Суруди Миллии Тоҷикистон Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ва муаллифи оҳанги он Сулаймон Юдаков мебошанд.

пешина
аз 395
навбатӣ