Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
МУҚАДДАСОТИ
МИЛЛӢ
Тибқи моддаи 3 Конституция (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам (дирафш), Нишон ва Суруди Миллӣ мебошанд, ки ҳамчун муқаддасоти миллӣ муаррифӣ мешаванд. Парчам ва нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар биноҳои давлатии кишвар, намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ афрохта мешавад. Истифодаи рамзҳои давлатӣ дар ҷойҳое, ки қонун муқаррар накардааст, манъ мебошад.
ДИРАФШИ ҚАДИМТАРИН КАДОМ АСТ?
Тасвири дирафши сипоҳи эрониён дар нигорае дар шаҳри Помпей (асри 1 то милод) оварда шудааст. Дар он саҳнаи муҳорибаи сипоҳи давлати Ҳахоманишиҳо зери сарварии Дорои III бо лашкари Искандари Мақдунӣ дар соли 333 акс ёфтааст.
Дар харобаҳои шаҳри қадими Эрон – Хабис бостоншиносон дирафши филиззие ёфтанд, ки он 3 ҳазор сол дорад ва яке аз қадимтарин дирафшҳои ҷаҳон маҳсуб мешавад. Дар он тасвири шер дар фазои офтоби заррин нақш шудааст.
ДИРАФШИ ДАВЛАТӢ КАЙ
ПАЙДО ШУД?
Аввалин дирафш (парчам)-и тоҷикон «дирафши Ковиёнӣ» аст.
Коваи оҳангар пешдомани чармии худро дар нӯки найза баста, мардумро бар зидди Заҳҳоки хунхор бархезонда пирӯзӣ ба даст овард.
Дар давоми асрҳо шакл ва ранги парчами давлатӣ дигаргун шуд.
Ҳоло парчами мо аз се ранг: сурх, сафед ва сабз иборат аст, ки рангҳои писандидаи нажоди ориёӣ маҳсуб мешаванд. Ранги сурх – рамзи мубориза ва ҷонбозиҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият; ранги сафед – рамзи бахту иқболи сафед, покизагӣ; ранги сабз – рамзи саъю кӯшиш ва меҳнати халқ баҳри сарсабз ва хуррам гардидани Ватан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё