Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ТОҶИКИСТОН АЗ
БУНБАСТИ НАҚЛИЁТИ
ЧИ ГУНА РАҲОӢ ЁФТ?

Дар замони Шӯравӣ Тоҷикистон ягона кишваре буд, ки ба марзи ҳамсояҳои хориҷии худ роҳи нақлиётӣ надошт. Ҳатто ду вилояти бузурги мамлакат - Ленинобод ва Бадахшон (ВАБК) тайи 5-6 моҳи зимистон бинобар яхбандии роҳҳои мавҷуда аз маркази мамлакат канда буданд. Бо мақсади раҳоии аз бунбасти нақлиётӣ соли 1999 бунёди роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, сипас роҳи байналмилалии мошингарди Кӯлоб-Хоруғ-
-Қулма-Қароқорум пеш гирифта шуд, ки Тоҷикистонро бо Чин ва Покистону Афғонистон мепайваст. Бунёди роҳи байналмилалии мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ тавассути нақбҳои Анзоб ва Шаҳристон, таҷдиди роҳи Душанбе-Данғара-Кӯлоб бо сохтмони нақбҳои Шаршар ва Чормағзак, таҷдиду навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Ғарм-Чиргатол-Қирғизистон ва ғ. имкон дод, ки Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёбад. Бунёди пулҳои байнимарзии Тоҷикистон ва Афғонистон аз болои дарёи Панҷ дар ҳудудҳои Панҷи Поён, Хоруғ, Ишкошим, Ванҷ, Дарвоз боиси афзудани робитаи тиҷоратии кишвар бо Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Эрон ва дигар мамлакатҳои хориҷӣ гардид. Соҳаи нақлиёти ҳавоӣ низ рушд карда, соли 2016 аз ҶТ тайёраҳо ба 27 самт хатсайр доштанд.

СИЁСАТИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ
ЭНЕРГЕТИКИИ МАМЛАКАТ ЧӢ ДОД?

Баъди аз фаъолият мондани шабакаҳои марказонидаи энергетикии Осиёи Миёна Тоҷикистон дар фасли зимистон ба буҳрони энергетикӣ дучор омад. НБО-и Норак аҳолӣ ва корхонаҳои саноатиро бо нерӯи барқ таъмин карда наметавонист. Аз ин рӯ, сиёсати истиқлолияти энергетикии мамлакат пеш гирифта шуда, НБО-и Помир-1 ва Помир-2, Бойғозӣ, Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2, шабакаҳои гармидиҳии Душанбе ва даҳҳо нерӯгоҳи хурди барқӣ ба кор шурӯъ карданд, ки ҳадафи онҳо таъмини мамлакат бо нерӯи барқи ватанӣ мебошад. Бунёди НБО-и Роғун ва кашидани хатти интиқоли барқи 500 кВт Ҷануб-Шимол, хатти интиқоли барқи байналмилалии Тоҷикистон—Қирғизистон—Покистон (CASA-1000) заминаи содироти нерӯи барқро ба кишварҳои хориҷӣ гузошта, дар оянда Тоҷикистон ба яке аз мамлакатҳои содиркунандаи нерӯи барқ дар минтақа табдил медиҳад, ки боиси рушди иқтисоди кишвар хоҳад шуд.

пешина
аз 395
навбатӣ