Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
Қасри Миллат ва Парчами миллӣ.
Тибқи барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ба ҷои колхозу совхозҳо хоҷагиҳои деҳқонӣ таъсис дода шуда, бо фармони Президенти мамлакат Э. Раҳмон (солҳои 1995-1997) 75 ҳазор гектар замин ба деҳқонону сокинони деҳот дода шуд. Хусусигардонӣ дар тамоми соҳаҳои истеҳсолоту хизматрасонӣ роҳандозӣ гардид, ки барои гузаштан ба иқтисоди бозаргонӣ мусоидат намуд. Дар натиҷа мамлакат аз ишкели якқутбаи пахтакорӣ раҳо ёфта, соҳаҳои боғдорию сабзавоткорӣ низ рушд карданд ва истеҳсолот вобаста ба талаботи бозор ба роҳ монда шуд. Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ аъзои беш аз 50 созмони байналмилалӣ буда, бо 180 кишвари дунё равобити дипломатӣ дорад. Дар солҳои истиқлолият Тоҷикистон соҳиби 6 шабакаи телевизионии умумиҷумҳуриявӣ ва даҳҳо шабакаву радиои маҳаллӣ гардид.
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони
Милали Муттаҳид. Ню-Йорк, 2015.
Ифтитоҳи нақби Шаҳристон, ки шимоли мамлакатро бо пойтахт мепайвандад. 27 октябри соли 2012.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё