Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
СОЗИШНОМАИ СУЛҲИ МИЁНИ ТОҶИКОН
КАЙ ИМЗО ШУД?
Музокироти тарафҳои мухолиф барои расидан ба сулҳ ва ризояти миллӣ аз соли 1994 дар тӯли се солу се моҳ ҷараён дошта, беш аз 21 маротиба ба таври расмӣ ва даҳҳо маротиба ба таври ғайрирасмӣ баргузор шуданд. Дар музокирот сайъу кӯшиш ва сиёсати сулҳхоҳонаи Президент Эмомалӣ Раҳмон барои сарҷамъсозии миллат нақши бузург дошт. Новобаста ба шиддати амалиёти ҷангӣ дар Афғонистон (миёни ҳукумати қонунии ин кишвар ва ҳаракати «Толибон») Эмомалӣ Раҳмон барои музокира бо ҷониби мухолифин ҳаёти худро дар хатар монда, ба он ҷо сафар намуд, ки ин корнамоӣ дар таърихи миллати тоҷик бесобиқа аст. Президенти Афғонистон Бурҳонуддин Раббонӣ ва вазири мудофиаи ин кишвар Аҳмадшоҳ Масъуд, ки аз тоҷикони ин сарзамин буданд, ҷониби мухолифинро барои музокира бо Ҳукумати Тоҷикистон моил намуда, имкони ҳампаймон гардидани онҳоро бо ҳаракати «Толибон» аз байн бурданд. Ниҳоят, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расида, мутобиқи он дар ҳамаи ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ 30 % мансабҳо ба намояндагони иттиҳоди мухолифин дода шуданд ва онҳо зери сарварии Э. Раҳмон дар ҳайати ҳукумати ҷумҳурӣ ба фаъолият шурӯъ карданд.
ПАЙМОНИ СУЛҲ ЧӢ АҲМИЯТ ДОШТ?
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни дигар аъзои ИҶШС иқтисод ва саноати хеле пешрафта надошт ва ягона давлате буд, ки пас аз соҳибистиқлолиаш гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Дар натиҷаи ин ҷанг ҳамон корхонаҳои камшумори замони Шӯравӣ низ аз кор монда, аз мероси замони Шӯравӣ ба халқи тоҷик миқдори ночизе монд. Ваҳдати миллӣ ба низоъу муноқишаҳои дохилӣ хотима гузошта, имкон дод, ки халқи тоҷик роҳи зиндагии осоишта ва иқдомоти шоистаи созандагиро пеш гирад. Маҳз фазои мусоиди сулҳу субот ба давлати Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки роҳу равиши халқро ба сӯи оянда муайян созад ва ба дастовардҳои бесобиқаи созандагӣ ноил гардад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун таҷрибаи нодиру пурарзиш эътироф гардида, сабақҳои он аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид борҳо мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё